Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи будиҷаи давлатиро барои соли ояндаи 2007-ум тасвиб кард


Ҳаҷми умумии будиҷа дар ҳудуди 2 миллиарду 961 миллион сомонӣ, муодили қариб 900 миллион доллар ва тақрибан 1 миллиарду 93 миллион сомонӣ, яъне бештар назар ба ҳаҷми будиҷаи соли равон барномарезӣ шудааст. Қарор аст, тайи соли оянда дар Тоҷикистон 120 000 ҷойи нави кор эҷод шавад. Интизор меравад, ки маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли оянда беш аз 1 миллиарду 220 миллион сомонӣ афзуда, чизе бештар аз 9 миллиарду 550 миллион сомонӣ ё худ ҳудуди 2 миллиарду 800 миллион доллари амрикоиро ташкил диҳад. Ба ин тартиб, маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолиаш дар соли оянда бояд ба 1 350 доллар баробар шавад. Тарҳи будиҷа бояд акнун аз сӯи парлумон баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG