Пайвандҳои дастрасӣ

Наташа Кампуш: "Орзу дорам ҳунарманди синамо шавам"


Наташа Кампуш, ки имрӯз 18 сол дорад, дар мусоҳиба бо телевизиони Австрия гуфт, ки ҳамеша дар фикри фирор ба сар бурдааст. Вай шароити зисташро дар як утоқи зери гараж, хонае бидуни тирезаву ҳавои тоза дар манзили марди рабояндааш Волфганг Приклопил чунин тасвир кард:

"Дар он утоқи хурд худро чун уфтода дар як тангное эҳсос мекардам. Ба деворҳои хона шишаҳои обро партоб мекардам ва бо умеде, ки касе садоямро мешунида бошад, бо муштҳоям сахт ба девор мезадам. Ин вазъи хеле ваҳшатнок буд ва агар ӯ баъзан бо сабабе маро ба дохили манзил намебурд, то ки дар муҳити весеътар қарор бигирам, фикр мекунам, девона мешудам"

Дар мусоҳибаи ҷудогонае бо як нашрияи маҳаллии Австрия, Наташа гуфт, ки баъзан орзу дошт сари Приклопилро бо зарби табар аз гардан ҷудо кунад. Баъди он ки ду ҳафтаи пеш Наташа тавонист ниҳоятан аз "зиндон" фирор кунад, Волфганг Приклопил даст ба худкушӣ зад. Прикопили 44-сола як коргари фаннӣ буд.
Дуюми марти соли 1998 ӯ Наташа Кампушро дар роҳаш ба мактаб ба асорат гирифт ва тӯли ин муддат дар таҳхонаи манзилаш дар минтақаи Страшҳофи Австрия нигаҳ дошт. Равонпизишк Макс Фридрих, ки дар муолиҷаи атфоли дорои мушкили равонӣ тахассус ёфтааст, гуфт, солҳо лозим аст, ки сиҳҳатии Наташа пурра барқарор шавад ва ӯ ба пуштибониву кӯмаки ҳамаҷониба ниёз дорад. Дар ташреҳи вазъи рӯҳии Наташа вай гуфт, ки духтарак ҳоло дучори бӯҳрони ҳуввият аст. "Ин ҳолатест вақте инсон медонад, ки озод аст, аммо ҳанӯз дарк намекунад, ки ӯ кист", гуфт равонпизишк.
Аммо бо чашмандозде ба ояндаи худ Наташа мегӯяд, ки орзу дорад таҳсилашро ба итмом расонида ҳунарманди синамову театр шавад. Ӯ инчунин гуфт, ки шояд дар оянда бихоҳад як созмонеро барои ҳимоят аз ҳуқуқи занони гумномшудаи Мексика таъсис диҳад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG