Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозгашти куштигирони тоҷик аз Бишкек бо 14 медол


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи куштии самбо дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 14 медол ба даст оварданд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, дар сездаҳумин давраи ин мусобиқот дастаҳои мунтахаби Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Русия ширкат доштанд. Тими мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи шумори медолҳо пас аз тимҳои Қазоқистон ва Узбакистон мақоми севвумро касб кард.

Вале Маҳмуди Абдуллоҳ аз натоиҷи ба даст овардаи гуштигирони тоҷик изҳори ноқаноатмандӣ кард, зеро, ба гуфтаи ӯ, дар мусобиқоти соли гузашта намояндагони Тоҷикистон дар сабқати бузургсолон соҳиби се медоли тилло гашта буданд. Имсол бошад, ягон варзишгари бузургсоли тоҷик ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф нашудааст. Ва ягона медоли тиллоро дар рақобатҳои инфиродӣ байни ҷавонон дар вазни 90 килограмм Набимуҳаммад Хоркашов, аз шаҳри Душанбе ба даст овард. Се медоли нуқраи гуштигирони тоҷик ба паҳлавонони бузургсол марбут аст.

Сабо Ғайратов дар вазни 68 кило, Собир Сулаймонов дар вазни 82 кило, ҳарду аз Душанбе ва Пӯлодҷон Солеҳов дар вазни 90 кило, аз шаҳри Ваҳдат мақоми дуввумро ишғол карданд. Ҳамчунин дар сабқати бузургсолон Фурқат Раминшоеви душанбегӣ дар вазни 74 кило, Наврӯзмаҳмад Саноев, аз вилояти Суғд дар вазни 100 кило ва Зиёратшоҳ Баротов, аз шаҳри Душанбе дар вазни беш аз 100 кило соҳиби медоли биринҷӣ гардиданд. Дар сабқати ҷавонон Саидмурод Одинаев, аз вилояти Хатлон дар вазни 57 кило ва Далер Мусофиров, аз Душанбе дар вазни 62 кило мақоми севвумро касб карданд.

Куштигирони навҷавони душанбеӣ Фирдавс Маннонов дар вазни 48 кило, Хушбахт Назаров дар вазни 60 кило, Ҳотам Ашӯров дар вазни 65 кило, Искандар Субҳонов дар вазни 81 кило ва Довуд Солеҳов, аз вилояти Суғд дар вазни 56 кило дар мақоми севвум қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG