Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти сардастаи як гурӯҳи қочоқбар дар ҷануби Тоҷикистон


Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон амалиёти вижаи Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон бо кашфу мусодираи 30 кило ҳероин, 52 кило афюн, боздошти соҳиби бор ва фармоишгари он анҷом шудааст.


Ин амалиёт дар ноҳияи Ҳамадонӣ, дар ҷануби Тоҷикистон пиёда шудааст. Бобоҷони Шафеъ, сухангӯи Ожонс дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, соҳиби бор - ҷавони 19-солаи афғон ва фармоишгар - шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон будаанд. Мувофиқи ахбори аввалия, шаҳрванди боздоштшуда саркардаи яке аз гурӯҳҳои қочоқбар будааст. Ин гурӯҳ ба интиқоли маводди мухаддир аз Тоҷикистон ба Русия машғул будааст.


Бобоҷони Шафеъ гуфт, дар айни ҳол, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва муфаттишон саргарми ҷустуҷӯи афроди дигари ин гурӯҳ дар Тоҷикистон ва Русия будаанд.


Аз оғози соли ҷорӣ Ожонси назорат бар маводди мухаддир беш аз як тону 120 кило маводди мухаддир дарёфт ва мусодира кардааст. Навад дарсади ин мавод ҳероин ва тарёк буда ва ин миқдори мухаддироти боздоштшуда дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар будааст.
XS
SM
MD
LG