Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи пурпечутоби кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сӯи ҳамкорӣ


шореҳи меҳмон Аз "маҳфили президентҳо" то кори амалӣ чӣ қадар роҳ аст?

Усулан, ҳамаи кишварҳо ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ниёз доранд. Ба вижа кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ), ки бар асари гусастани робитаҳои иқтисодиашон бо дигар ҷамоҳири шўравии пешин зарарҳои фаровон диданд. Онҳо дарёфтанд, ки иқтисодашон ноқис аст ва ниёз ба ҳамкории кишварҳои хориҷӣ доранд. Бинобар ин, дар пайи густариши робитаҳо ва таъсиси иттиҳодияҳои байналмилалӣ шуданд. Нахуст ба «Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд» пайвастанд. Ҳамзамон «Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ»ро таъсис доданд ва ба «Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ» шомил шуданд. Сипас бештари онҳо ба «Минтақаи тиҷорати озод», «Итиҳодияи гумрукӣ», «Иттиҳодияи Авруосиё» ва «Созмони Шонгҳой» шарик шуданд. Зимнан, шумори зиёди созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро имзо намуданд.

Аммо ин иқдомот аксаран бесамар монданд. Ба гуфтаи коршиносон, таи солҳои гузашта кишварҳои ҳамсуд беш аз 1500 санадҳои мухталифро ба имзо расондаанд, вале 90% онҳо дар рўи коғаз монданд. ИКҲ (СНГ), ки созишномаи он дар соли 1991-92 ба имзо расида буд ва бар асоси он мебоист «фазои воҳиди иқтисодӣ», яъне «бозори муштарак» иҷод шавад, дар муддати қариб 15 сол амалӣ нашуд ва ҳоло дар ҳолати нобуд шудан аст. Созишномаҳои «Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ», «Минтақаи тиҷорати озод» ва «Иттиҳоди гумрукӣ» сад дар сад дар рўи коғаз монданд. Ба иттиҳоди Авруосиё низ наметавон ҷиддан умед баст. Чанде пеш дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои ҳамсуд бархе аз кишварҳо бори дигар тасмим гирифтанд, ки то ахири соли равон «Иттиҳоди гумрукӣ» бисозанд. Аммо ин тасмим ҳам ба гумон аст, ки дар ояндаи наздик амалӣ шавад.

Сабаби асосии бесамар ва ё камсамар будани талошҳо ин аст, ки ҳадафҳои сиёсии ин кишварҳо бо эҳтиёҷоти иқтисодии онҳо созгор нестанд. Аз як тараф, онҳо мехоҳанд, ки иқтисодашон пешрафт кунад ва даромадашон боло равад. Барои ин лозим аст, ки иқтисоди давлатҳо ба андозаи кофӣ боз бошад, то ин ки колоҳо, сармоя ва нирўи кор озодона байни кишварҳо ҳаракат кунанд. Ва ин аз роҳи таъсис кардани иттиҳодияҳои иқтисодии байналмилалӣ муяссар мешавад.

Аммо, аз сўи дигар, ин давлатҳои ҷавон мекўшанд, ки истиқлолияти худро ҳифзу таҳким намоянд ва аз тобеъияту вобастагиҳои замони пешин раҳоӣ ёбанд. Бо ин мақсад, онҳо унсурҳо ва ниҳодҳои давлати мустақилро таъсис ва фаъол сохтанд; қонунҳо, пули миллӣ ва молиёти гумрукиро ҷорӣ намуданд, ва кўшиданд, ки воридоту содироти колоҳо ва ҳаракати сармояю нирўи корро назорат кунанд ва бо дарназардошти манофеъи миллишон танзим намоянд. Ҳимояти бозорҳои дохилӣ ва пуштибонӣ аз тавлидкунандагони ватанӣ низ яке аз вазифаҳои муҳими давлат аст. Ин ҳама ҳаракати колоҳо ва авомили тавлидро маҳдуд сохт ва дар роҳи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷрои созишномаҳои байналмиллалӣ монеъаҳо иҷод кард. Ин ҳама боис мешавад, ки мақомоти ин давлатҳо, аз як су, барои густариши тиҷорату ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ҳам созишномаҳо мебанданд ва аммо дар амал бар хилофи он рафтор мекунанд.

Илова бар ин, як силсила омилҳо ва мушкилоти дигаре низ ҳастанд, ки ба густариши ҳамкориҳо халал мерасонанд. Яке аз онҳо ихтилофоти марзӣ аст, ки аз замони шўравӣ боқӣ мондааст. Тавре ки маълум аст, дар солҳои 20-уми садаи гузашта давлати шўравӣ марзҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро худсарона ва бидуни дарназардошти воқеъиятҳо тайин карда буд. Таи солҳои баъдӣ низ борҳо таъғироти ҷузъӣ ворид карда буд. Пас аз касби истиқлолият давлатҳои навбунёд ба тадқиқу таҳкими марзҳои давлатии худ пардохтанд. Дар ҷараёни ин кор захмҳои кўҳна тоза шуданд ва ихтилофоту иддаоҳои марзӣ рўи об баромаданд. Ин ихтилофот боиси тира шудани муносиботи байни давлатҳо ва ҳатто бархўрдҳои мусаллаҳона дар марзҳои бархе аз кишварҳои ОМ гардида аст. Ҳамчунон байни давлатҳои ОМ дар мавриди тақсиму истифодаи манобеъи табиӣ, хусусан нафту гоз ва оби дарёҳои Сиру Ому ихтилофот вуҷуд дорад. Тарафҳо дар масоили экологӣ низ ҳамназар нестанд. Ин ҳама ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Гузашта аз инҳо, сарони Узбакистону Қазоқистон бо ҳам рақобат доранд ва мекўшанд, ки ба сифати пешвои ОМ шинохта шаванд. Дар айни замон, имконоти иқтисодию молӣ ва сатҳи пешрафти санъатии кишварҳои ОМ яксон нест. Агарчи ҳамаи давлатҳои ин минтақа худро давлати демократӣ эълон кардаанд, вале дар ҳамаи онҳо режимҳои худкома (авторитарӣ) устувор шуда аст. Ҳамаи ҳукуматҳои ин кишварҳо роҳи гузор ба иқтисоди бозорро пеш гирифтаанд, вале оҳангу шеваҳои ислоҳоти иқтисодию сиёсӣ ва натоиҷи онҳо хеле фарқ мекунад. Қазоқистону Қирғизистон дар ин роҳ то андозае пеш рафтаанд, вале Ўзбакистон ва ба вижа Туркманистон хеле ақиб мондаанд. На танҳо сиёсати дохилӣ, балки сиёсати хориҷии ин кишварҳо ва самтҳои густариши равобити онҳо низ фарқ мекунад. Президенти Қазоқистон дар кори таъсису таҷдиди иттиҳодҳои байналмиллалӣ хеле фаъол аст, аммо презденти Туркманистон аз ширкат дар ин иттиҳодияҳо канораҷўӣ мекунад. Презденти Ўзбакистон то ба ин авохир мекўшид, ки аз нуфузи Русия дур шавад ва мустақилияти бештари кишварашро таъмин намояд. Ба ин сабаб, ҳамкориро бо иттиҳодияҳое, ки дар он Русия нақши муҳим дорад, раво намедид ва бештар майл ба сўи Ғарб дошт. Аз ин рў, бо дигар кишварҳои ОМ, аз ҷумла бо Тоҷикистон, ки ба сабабҳои маълум зери бори Русия рафта буд, муносиботи нек надорад ва режими раводидро («виза»ро) барои мардуми мо ҷорӣ намуда, рафтуомади мардум ва тиҷорати хориҷаи моро басо мушкил сохта аст.

Ба болои ин, заминаҳои ҳуқуқию имконоти иқтисодии кишварҳои ОМ мухталиф аст. Ҳадафҳошон низ гуногун ва ҳатто зиду нақиз аст. Дурнамои рушди иқтисодию сиёсии бисёрашон чандон итминонбахш нест. Равшан аст, ки дар чунин шароит амалӣ кардани созишномаҳои имзо шуда ва созмон додани иттиҳодияи иқтисодии байналмиллалие, ки дар он баробарҳуқуқии комили кишварҳои узви иттиҳодия, эҳтирому риояти ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва манофеъи миллии ҳар кадоми кишварҳои шарик таъмину тазмин шуда бошад, ва роҳро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан муфиди кишварҳои минтақа ва давлатҳои шўравии пешин ҳамвор намояд, кори содаю осон нест. Бо ҳам нишастану аҳду паймон бастан ва сархушӣ кардани сарони кишварҳо як чиз асту амалӣ шудани созишномаҳои байналмиллалӣ - чизи дигар. Хусусан, дар ҷое ки ҳадафҳо бо ҳам созгор набошад ва ғаразҳои сиёсӣ бартарӣ дошта бошад. Беҳуда нест, ки дар матбуоти Русия мулоқоту музокироти сарони кишварҳои ҳамсудро ба хотири бесамар буданаш «маҳфили президентҳо» номидаанд. Бинобар ин, дар мавриди нақшаҳои чунин «маҳфилҳо» наметавон зиёд хушбин ва умедвор буд.
XS
SM
MD
LG