Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикони ҷаҳон ба "Тоҷикони ҷаҳон" меоянд


Ба эътиқоди оқои Маниёзов, меҳмонон бар изофаи ширкат дар анҷумани шашуми «Тоҷикони ҷаҳон», ки қарор аст, рӯзи ҷумъаи 8 сентябр баргузор шавад, ҳамчунин дар ҷашнҳои солгарди 15-уми истиқлоли Тоҷикистон ва 2.700 - солагии шаҳри бостонии Кӯлоб ҳузур хоҳанд дошт. Ҳамчунин дар робита ба тахассуси худ дар бахшҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон бо масъулин ва мардум мулоқотҳо доир мекунанд:

«Сарфи назар аз мансубияти миллиашон меҳмонон аз Олмон, Русия, Амрико, Арабистони Саудӣ, Покистон, Афғонистон, Ирон ва дигар кишварҳои ҷаҳонҷиҳати ширкат дар ин анҷуман ба Душанбе меоянд. Онҳо дар бахшҳои мухталифи илм фаъолият доранд ва бо тамаддуни ориёӣ робитаи қавӣ доранд»

Ҳоҷӣ Абдулло Холиқзода, сокини кишвари Арабистони Саудӣ ва як нафар тоҷике, ки солҳои инқилоби Октябр хонаводаи ӯ тарки Тоҷикистон кардааст, аз таъсиси Анҷумани тоҷикон дар Душанбе истиқбол кард ва гуфт, ин тасмим эҳтирому арҷгузорӣ ба миллати тоҷик ва забони тоҷикӣ аст. Ба эътиқоди ӯ, инчунин анҷуманҳо бар изофаи он ки дар муттаҳид сохтани ҳама тоҷикони ҷаҳон ва форсигӯёни олам нақши муассир дорад, эҳсоси эҳтирому арҷгузорӣ ба миллат ва забони тоҷикиро дар миёни ҳаммилатони хориҷӣ боло мебардорад:

«Бештар аз ҳафтод сол мешавад, ки мо дар хориҷ аз Ватан ҳастем, вале аҳли оилаи мо тоҷикӣ ҳарф мезананд. Кадом тоҷик, ки шири модари тоҷикро хӯрдаасту ба тоҷик ҳарф намезанад? Рӯзе қабл ман дар телевизион дидам, ки тоҷике сенздаҳ сол боз дар Инглистон зиндагӣ дорад, вале атфоли ӯ ба тоҷикӣ ҳарф намезананд. Бояд ман ба ӯ ҳамсӯҳбат шавам, ки биёву бубин, ки фарзандони ман чаро дар ин муддат забони модарии худро гум накарданд? Чӣ хел модаре ӯро шир медиҳад, ки фарзанд тоҷикӣ наметвонад ҳарф занад? Оё ӯ дар бағали модари тоҷик набуд? Оё ӯро бо забони инглисӣ алла гуфтанд?»

Ҷамъомади тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон бо ташаббуси академик Муҳаммад Осимӣ 28 октябри соли 1989 таъсис шуда ва дар он ҷамъияти «Пайванд» бунёд гардид. Дар солгарди нахустини истиқлоли Тоҷикистон, 9 сентябри соли 1992 - Анҷумани якуми тоҷикони ҷаҳон баргузор шуд.

Тибқи иттилоъи ҷамъияти «Пайванд», феълан, дар кишварҳои мухталифи олам ҳудуди 40 миллион тоҷик ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG