Пайвандҳои дастрасӣ

Офаридгори рок-&-ролл аз Эпплеэйжан


Давраи маъруфияти Пресли ба замоне мувофиқ омад, ки Амрико ҳанӯз бо мушкили табъизи нажодӣ рӯбарӯ буд ва дар ҷомеа муборизаи сиёҳпӯстон барои дастрасӣ ба ҳуқуқи баробар бо дигар бахши ҷомеа шадидтар гардид. Ҳамсӯҳбати мо, хабарнигор Рон Зинович нафарест, ки эҷодиёти Элвис Преслиро хуб омӯхтааст ва ҳоло таърихи эҷод шудани ин таронаро мехонем:

"Ӯ ба студияи сабти садои Сан, воқеъ дар шаҳри Менфиси иёлати Теннеси рафт. Ин сохтмон ҳоло ба як осорхонаи миллӣ табдил ёфтааст. Дар ин студия шахсе бо номи Сэм Филлиппс сурудҳои ҳунармандони зиёдро сабт кардааст - Ҷони Кеш, Карл Паркинс ва бисёр дигарҳоро. Сэм Филлипс на танҳо ба сабти таронаҳои овозхонони ҷавони сафедпӯст машғул буд, балки ӯ ҳунармандони сиёҳпӯстро низ ба ин студия даъват мекард. Хулоса, таърихи сабти аввалин таронаи Пресли чунин аст. Ӯ ба студия омад ва таронаеро иҷро кард, ки хеле орому нарм буд, дар бораи ишқу муҳаббат, моҳу офтоб буд. Дар студия он лаҳза 2 навозандаи дигар ҳам нишаста буданд. Дар танаффус, Элвис ҳамроҳ бо ин ду навозанда ба навохтани оҳанге шурӯъ кард, ки комилан як чизи ғайримаъмулӣ буд, як оҳанги шӯхи наздик ба жанри "эпплеэйжан". Яъне як нафар гитор менавохт, дигаре чӯбҳои нақораро ҳамин тур ба ҳам мезад ва Элвис оҳанги "That's all right"-ро мехонд. Вақте Сэм Филиппс ин оҳангро шунид, ӯ ҳайрон шуд ва гуфт: "Ин чӣ чиз аст, ки шумо мехонед?". Ӯ ин таронаро сабт кард. Ин буд он лаҳзае, ки ба таври ғайримунтазира жанри рок-н-ролл арзи ҳастӣ кард ва танҳо ба хотири ин ки Сэм Филиппс ин оҳанги хеле вижаро шунида тавонист. Бо ин роҳ аслан мафҳуми мусиқии рок ҳам ихтироъ гардид"

Пресли дар Теннеси, дар як хонаводаи хеле нодоре ба воя расидааст, ки аз назари ҷуғрофӣ ҳам аз манотиқи дигари ИМА комилан фарқ мекунад. Дар ин минтақа, ки шарқи Амрико маҳсуб мешавад, муҳоҷирони аврупоӣ, аз Ирландияву Шотландия омада ҳамроҳ бо мардуми сиёҳпӯст ба сар мебурдаанд.

Бо ишора ба макони ҷуғрофияш ин минтақаро Эпплеэйжан мегуфтанд, ки баъдан он ба пайдоиши як жанри вижаи мусиқӣ ҳам сабаб шуд. Таронаву оҳангҳои мардуми маҳаллӣ омехтаи оҳангҳои мардумиву суннатӣ ва ба вижа мусиқии мазҳабӣ буд, ин чиз баъдан дар эҷодиёти Пресли таъсиргузор шуд. Таронаи "Baby, let's play house", масалан, дар муҳити онвақтаи мазҳабии Амрико таҳаввулоти хосеро ба миён овард. Рон Зинович чунин нақл мекунад:

"Дар ҳоле, ки рӯҳониён дар бораи фарзанди худо ё "baby Jesus" (бейби Ҷизис) сӯҳбат мекарданд, Элвис вожаи "бейби", яъне "тифл"-ро бо мафҳуми "духтар" омехта кард ва дар натиҷа матне ҳосил шуд, ки фикри сирф мазҳабиро ба матни ғайрирӯҳонӣ табдил дод. Ин чиз ҳатто дар талаффузи ӯ ҳам рӯшан эҳсос мешава. Баъдан, таронаи ӯ бо исми "Baby, let's play house" эҷод шуд, ки хеле маъруф гашт".

Таҳлилгарон мегӯянд, вижагии ҳунари Пресли дар он аст, ки оҳангҳои ӯ саросарӣ ва фарогир буданд, онҳо як фарҳанг, миллат ё як қавмиятро намояндагӣ намекунанд, онҳо фаротар аз марзҳои милливу қавмӣ ҳастанд. Рон Зинович мегӯяд, имрӯз ҳам мешавад ин намунаро дар мисоли Осиёи Марказӣ таҷриба кард:

"Тасаввур кунед, ки Элвис Пресли дар мисоли Осиёи Марказӣ чӣ коре карда метавонист. Фикр кунед, масалан, як навраси 17 солаи тоҷик, бо як ҷавони узбак ва фарз кардем, қирғиз ба ҳам омада як чизеро эҷод мекунанд, ки махлути фарҳангҳои ин миллатҳост ва қаблан назирашро шунидан мумкин набуд. Ин мусиқии сирф миллӣ нест, он омехтаи мусиқиҳои мухталиф аст, ки ба таври хеле ҷолиб беҳтарин намунаи оҳангҳоро ба ҳам овардааст"

Аз Рон хоҳиш кардам дар ниҳоят ба мероси ҳунарии Элвис Пресли муроҷиат кунад. Ӯ гуфт:

"Вақте амрикоиҳо дар бораи мероси ӯ сӯҳбат мекунанд, ду Элвис Преслиро ба ёд меорад: аввалӣ шахсест, ки хеле ҷавон буда, аслан чун шоҳи рок-н-ролл ном баровард. Элвиси дуюмӣ шахсест, ки ӯро баъди солҳои 50-ум ёд доранд. Як инсони сарватманд ва маъруф, ва дар айни замон хеле танбалу пурхӯр. Элвиз дар донишгоҳ таҳсил накардааст, ҳамаи маълумоти ӯ бо хатми мактаби миёна анҷом меёбад. Ӯ дар зиндагиаш милёнҳо доллар кор кард, аммо завқи ӯ хеле паст буд. Ӯ ба як чизҳои беарзишу бозорӣ таваҷҷӯҳ мекард, сохтмони хеле бузургеро бо номи Грейсланд дар Менфис, ки хонааш ҳисоб мешуд, бо чунин чизҳои гаронқадру аммо масхараомез пур карда буд. Рӯзҳои охири умраш ҳам дар ҳамин хона гузаштанд. Дар охири умраш ӯ ба як мӯътоди ғизо ва маводи мухаддир табдил шуд, хеле фарбеҳ буд ва ниҳоят аз сактаи қалб дар хонаи дастшӯӣ ҷон дод"

Бо васфи ин ҳама ҳунари Преслӣ он чизест, ки барои қарнҳо боқӣ хоҳад монд

"Агар Элвис Пресли набуд, Биттлз ҳам вуҷуд надошт, чунки Ҷон Леннон соли 1956 таронаи "Heartbreak hotel"-и Преслиро шунид ва фаҳмид, ки дар зиндагӣ чӣ кардан мехоҳад. Элвис Пресли кулли насли баъдиро илҳом бахшидааст ва ҳама аз "Биттлз" илҳом гирифтаанд. Ва ҳамаи ин риштаҳо ба Элвис Пресли пайванд мегиранд"
XS
SM
MD
LG