Пайвандҳои дастрасӣ

Атфоли мардикори тоҷик...Зиёд мешаванду кам не


Аммо бо вуҷуди ин, масъулини ҳамин созмон то ҳанӯз вазъро нигаронкунанда медонанд. Манижаи Тилавзод, корманди Созмони ҷаҳонии кор дар ин робита мегӯяд:

«Дар Амрикои Лотинӣ шумораи кӯдакони коргар коҳиш ёфтааст. Дар Осиё бошад, пастшавӣ ва ё баландшавии шумораи меҳнати кӯдакон он қадар назаррас нест. Дар ҷои охир оид ба меҳнати кӯдакон, Африқо, хусусан, қисми Сахара меистад. Яъне, дар ин ҷо меҳнати кӯдакон зиёд дида мешавад. Мутаассифона, оид ба Тоҷикистон ҳоло ягон омори аниқ нест ва дар ин бора ман алъон чизе гуфтан наметавонам.»

Мувофиқи назарсанҷии ахири маркази таҳлили «Шарқ», дар ҳоли ҳозир, ҳудуди 40 дар сади кӯдакони ноболиғ дар бозорҳои Тоҷикистон ба кори сиёҳ ҷалб шудаанд. 80 дар сади кӯдакони коргар аз синни 10 - солагӣ ба навъҳои гуногуни хидматгузорӣ, ба мисли мошиншӯӣ, борбарӣ, пойафзолтозакунӣ ва ғайра машғуланд. Ҷовид Ҷӯраев, корманди Созмони наҷоти кӯдакони Бритониё мегӯяд, новобаста ба талошҳои ҳукумати Тоҷикистон ва дигар созмонҳо, шумори кӯдакони коргар дар кишвар коҳиш наёфта баръакс рӯ ба афзоиш аст. Ба қавли ҷаноби Ҷӯраев, вобаста ба макони зист дар бозорҳо ва саҳроҳои кишвар аз меҳнати кӯдакон ба таври фаровон истифода мешавад.

«Чил фоизи пахта аз тарафи кӯдакон ҷамъ мешавад. Умуман, барои корҳои саҳроӣ ва чидани пахта ҳамасола чорсад ҳазор нафар ҷалб мешаванд ва чил фоизи ин рақамро тахминан кӯдакҳо ташкил медиҳанд. Ин 160.000 мешавад. Бояд гуфт, ин ҳодиса ҷиҳати мавсимӣ ҳам дорад. Тобистон миқдори кӯдаконе, ки дар бозору хиёбонҳои Душанбе ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон фаъолият мекунанд, зиёд мегардад. Зеро, ки як давраи таътил аст.»

Ҷовид Ҷӯраев аз ҷумла афзуд, чун сабаби аслии рӯ овардани кӯдакон ба бозори меҳнат дар камбизоатии онҳост ва дар бозори кори Тоҷикистон низ талабот ба меҳнати кӯдакон мавҷуд аст, аз ин рӯ, ҳар кас кӯшиш мекунад, аз ин қувваи кории арзон сӯистифода намояд.

Саре мезанем ба бозор ва ҳарфҳои худи атфоли коргарро гӯш медиҳем:

«Ман 15 сол дорам. Аввал зиндагиямон нағз буд ва баъд аз бедарак шудани падарам зиндагиямон бад шуд. Дар бозор салафан мефурӯхтам ва то ҳозир кор мекунам. Милисаҳо моро ғам медиҳанд ва ҳам дуздбачаҳо моро зада пулҳоямонро мегиранд. Ба фикри ман, бояд бачаҳо ҳам хонанд ва беҳуда дар кӯча нагарданд, зеро дар оянда илм ба кор меояд.»

«Ман 16 - сола ҳастам. Бисёр мехоҳам таълим гирам, хондану навиштанро омӯзаму баъд аз он ба ягон донишгоҳ дохил шаваму таҳсил кунам. Ман дигар ба бозор баргаштан намехоҳам.»

Сабоҳат Олимова, раиси созмони «Аврора», ки бо кӯдакони душвортарбия сару кор дорад, изҳори таассуф мекунад, ки аксаран худи падару модарон кӯдаконро ба кори сангин водор месозанд ва манфиатдоранд, ки фарзандони хурдсоли онҳо дар пешбурди зиндагӣ ва беҳбуди вазъи молии хонавода саҳм дошта бошанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Сабоҳат Олимова, кӯдакону навҷавонон бо рӯ овардан ба бозори кор тадриҷан аз омӯзишу парвариш дар канор мемонанд.

«Волидайн худ фарзандҳояшонро ба ин роҳ талқин мекунанд. Ва мо ҳама огаҳем, ки ин мушкил дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ва онро бояд ба зудӣ рафъ кард. Мо ба давлат тарҳеро барои коҳиши мизони фақр миёни кӯдакон арза кардем. Бино бар он барнома, нахуст бояд санҷид, ки даромади миёнаи ин кӯдакон аз корашон чанд аст ва бар пояи он бояд ба коргарони ноболиғ кӯмакпулӣ ихтисос дод, то онҳо дубора ба омӯзиш рӯ оваранд»

Ба ҳамин тартиб, ақидаи коршиносону мусоҳибони мо ба ин натиҷа мебарад, ки барои коҳиши меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон, ҳукумати кишвар бояд бо созмонҳои иҷтимоъӣ дар иртибот бошад ва дар бастагӣ бо ҳам дар ин росто талош кунанд.
XS
SM
MD
LG