Пайвандҳои дастрасӣ

Буш: Эрони ҳастаӣ ҷаҳонро таҳдид хоҳад кард


Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳурии Омрико мегӯяд, ки кишвараш ҳамчунон дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалле диплумотик барои қазияи ҳастаии Ирон хоҳад буд, аммо ба гуфтаи вай кишварҳои озоди ҷаҳон ба Эрон иҷоза нахоҳанд дод, ки силоҳи ҳастаӣ бисозад.


Оқои Буш рӯзи сешанбе (5 сентябр) дар Вошингтон гуфт, ки Ирони ҳастаӣ метавонад ҷаҳонро "таҳдид кунад" ва мардуми Омрикоро дар маърази хатаре маргбор қарор диҳад. Вай афзуд, ки иҷоза нахоҳад дод чунин иттифоқе биуфтад.


Ҷорҷ Буш гуфт, ки ҷомеъаи байнулмилалӣ барои мутақоъид кардани Эрон ба тарки барномаи ҳастаиаш пешниҳоди "қобили таваҷҷуҳе" кард, аммо ба гуфтаи вай, ин пешниҳод рад шуд:


"Ҷомеъаи байнулмилалӣ ба раҳбарони Эрон пешниҳоди қобили таваҷҷуҳе кард ва ба онҳо ин фурсатро дод, ки миллаташонро ба ояндаи беҳтаре ҳидоят кунанд. То кунун раҳбарони Эрон ин пешниҳодро рад кардаанд. Гузиниши онҳо ба таври физоянда миллати Эронро аз ҷомеъаи байнулмилалӣ дар канор мегузорад ва онҳо дар ҳоли радди имкони шукуфоии иқтисодӣ барои миллати Эрон ҳастанд. Акнун барои раҳбари Эрон фурсати он фаро расидааст, ки интихобе дигар кунанд. Ва мо интихоби худамонро анҷом додаем. Мо ҳамчунон бо муттаҳидонамон аз наздик кор хоҳем кард, то як роҳи ҳалли диплумотик пайдо шавад. Кишварҳои озоди ҷаҳон ба Ирон иҷоза нахоҳанд дод, ки силоҳи ҳастаӣ бисозад."


Давлати Ирон таъкид мекунад, ки қасди сохтани силоҳи ҳастаиро надорад.


Ҷорҷ Буш дар суханронии худ ҳамчунин Эронро ба шабакаи Ал-қоъида ташбеҳ кард ва гуфт, ки режими Ирон мехоҳад Омрикоро аз Ховари Миёна берун бикашад, Исроилро вайрон кунад ва ҳокими минтақа бошад.
XS
SM
MD
LG