Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри муҷаддади "Адолат" - нашрияи Ҳизби Демократ


Субҳи чаҳоршанбе (6 сентябр) шумораи тозаи «Адолат», нашрияи расмии Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) баъд аз таваққуфи дусола мунташир шуд. Раҷаби Мирзо, кафили мақоми сардабирии «Адолат» ба сомонаи Озодӣ гуфт, тӯли ин ду сол барои чопи нашрия талошҳои зиёд шуда буд ва танҳо ахиран як чопхонаи мустақар дар Душанбе нашри онро бар дӯш гирифта ва оҷилан ин нашрия рӯи чоп омадааст.


Ӯ афзуд, бо ин чопхона ҳамзамон тавофуқи шифоҳӣ сари чопи муназзами нашрия ҳосил шудааст. Ба гуфтаи Раҷаби Мирзо, дар ин ду сол «Адолат» танҳо як бор ба шакли комили ҳафтанома ба муносибати солгарди таъсиси ҲДТ ва се бори дигар ба шакли барга чоп шуда буд.


Шумораи имрӯзи «Адолат» дар чаҳор сафҳа бо теъдоди ҳазор нусха ба чоп расидааст. «Адолат» матолибе сиёсӣ ва иҷтимоъӣ дар мавзӯъоти интихоботи қарибулвуқӯъ ва корзори таблиғотии, ба истилоҳи нашрия, «як номзад», раванди пунбачинӣ дар вилояти Хатлон, баргузории идҳои харбузаю каду чоп кардааст.


Ин нашрия дар сафҳаи нахусти худ акси Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси дарбанди ҲДТ-ро нашр карда, бо ёдоварӣ аз саҳми Ҳизби Демократ дар роҳи истиқлол мардуми кишварро бо ҷашни истиқлол табрик кардааст.
XS
SM
MD
LG