Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисоди Осиёи Марказӣ шоҳиди рушд мешавад


Бонки Рушди Осиё тахмин мекунад, ки имсол рушди иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 11 дар садро ташкил хоҳад дод. Дар гузориши имрӯзаи бонк доир ба вазъи иқтисодии кишварҳои Осиё гуфта мешавад, ки рушди иқтисодии Осиёи Марказӣ аз ҳисоби тавлидоти нафт дар Озарбойҷон ва Қазоқистон боло рафтааст.


Ин бонк ҳамчунин афзоиши сохтмони биноҳо дар Арманистонро зикр карда ва доир ба Тоҷикистон гуфтааст, ки дар нимаи аввали сол рушди иқтисодии ин кишвар аз ҳисоби афзоиши тавлидот ва фуруши алюминий 7 дар садро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG