Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирон: "Роҳи нозирони Созмони Милалро мебандем"


Кумиссиёни амнияти миллӣ ва равобити хориҷии порлумони Ирон тарҳи санадеро ба тасвиб расонд, ки иҷоза намедиҳад, нозирони Созмони Милал ба ин кишвар ворид шаванд ва гузоришгари кумиссиёни мазкур Козим Ҷалолӣ гуфт, ин санад дар сурати фишори Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба Ирон мавриди иҷро қарор мегирад.


Козим Ҷалолӣ созмонҳои байналмилалиро ба он муттаҳам кард, ки ба гуфтаи ӯ ҳаққи ҳастаии Иронро нодида мегиранд. Шӯрои Амният аз Ирон хостааст, ки то 31 август фаъолиятҳои ғанисозии уранро мутавақиф кунад, вагарна дучори таҳримот хоҳад шуд. Ирон аз ин талаб сарпечӣ карда, вале гуфт, ки омодаи музокироти ҷиддӣ дар робита ба барномаҳои баҳсбарангези атомиаш мебошад.


Дар ҳамин ҳол раиси ҷумҳур Ҷорҷ Буш рӯзи сешанбе 5 август гуфт, Иёлоти Муттаҳида ҳанӯз ҳам ҷӯёи роҳи ҳалли дипломатии бӯҳрони атомии Ирон аст, аммо ба гуфтаи ӯ кишварҳои озоди ҷаҳон нахоҳанд гузошт, то Ирон соҳиби силоҳи атомӣ шавад. Ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Вашингтон Ҷорҷ Буш такрор кард, ки Ирони дорои силоҳи атомӣ метавонад, барои ҷаҳон хатар эҷод кунад.
XS
SM
MD
LG