Пайвандҳои дастрасӣ

Ёде маҳфуз аз Наҷиб Маҳфуз


94 сол умри андаке нест, аммо барои афроде, ки барои ҷаҳону ҷаҳониён азиз будаанд, 94 сол ҳам андак ҷилва мекунад.

Наҷиб Маҳфуз беш аз 40 достон ё румону повест мунташир кардааст, аммо риштакитобҳои вай мавсум ба "Сегонаи Қоҳира" буд, ки номи ӯро вирди забонҳо кард. Ин сегона иборат аст аз достонҳои "Байн-ул-қасрайн" ё "Гардише миёни ду кох", "Қаср-уш-шавқ" ё "Кохи лаззат" ва "Ас-суккария" ё "Кӯчаи шакар (мадақ)", ки солҳои 1956 ва 57 мунташир шуд.

Наҷиб Маҳфуз як вижагии мунҳасир ба фарди дигар ҳам дошт: вай танҳо арабе буд, ки то кунун ҷоизаи Нубелро дарёфт кардааст. Вай соли 1988 ба дарёфти ҷоизаи адабиёти Нубел мушарраф шуд. Кумитаи ҷоизаи Нубел дар бораи осори Наҷиб Маҳфуз гуфта буд:

"Вай аз тариқи корҳояш, ки пур аз нукоти зарифу дақиқ аст, як навъ ҳунари достонсароии арабиро поярезӣ кардааст, ки бо тамомии навъи башар созгор аст."

Пруфесур Роҷер Аллен, аз доноёни барҷастаи забони арабӣ, ки соли 1967 барои нахустин бор Наҷиб Маҳфузро дид ва барои 39 сол миёни онҳо риштаҳои дӯстӣ барқарор буд, мегӯяд:

"Имрӯза мо ҳич нависандаи араби зиндае надорем, ки мункир аз ибтикори Наҷиб Маҳфуз бошад ва нагӯяд, ки имкони навиштани достонҳо ба забони арабиро ба ҳамӯ мадюн аст."

Роҷер Аллен мудири курсии забонҳо ва тамаддунҳои Ховари Наздик дар Донишгоҳи Пенсилвониёи Омрикост. Вай чандин китоби Наҷиб Маҳфузро ба забони инглисӣ тарҷума кардааст ва зиндагиномаи ӯро ҳам барои рӯзномаҳои мухталиф навиштааст. Пруфессур Аллен мегӯяд, ки даргузашти Наҷиб Маҳфуз мисриҳоро дар андӯҳ хоҳад нишонд:

"Вай тимсоли нависандагӣ дар ҷаҳони араб аст. Маъмулан дар Миср ӯро "Аҳроми қарни бист" меноманд. Вай дар Миср аз бештарин эҳтиром бархурдор аст, зеро ҳамеша назарҳои худро беибо баён кардааст. Вай ҳамеша сареҳу ошкоргӯ буд. Аслан имкон надошт, ки вай ба наҳве назари худро дар мавриди масоили мухталиф баён накунад."

Аммо мисли ҳар касе дигар Наҷиб Маҳфуз ҳам душманоне дошт. Баёни бепардаи вай бархеро меозурд. Соли 1994 вай аз як сӯъиқасд ҷони солим ба дар бурд. Гуфта мешавад, ки ангезаи он сӯъиқасди ноком чопи достони "Awlad Haratina" ё "Бачаҳои маҳаллаи мо" буд.

Ин достон моҷароҳои панҷ насли мардумро таъриф мекунад, ки ҳар кадом аз раҳбаре дигар пайравӣ мекарданд. Қаҳрамонони Наҷиб Маҳфуз пайравони як кеши яктопарастӣ буданд ва шуморе аз онҳо аз ҷумлаи паёмбарони ислом. Дар ниҳояти ин достон як қаҳрамон, ки "Дониш" ном дорад, қаҳрамони дигарро бо номи "Нозир", ки симои Худованд дар ин достон аст, мекушад.

Ба гуфтаи пруфессур Аллен, ишораи равшани Наҷиб Маҳфуз дар ин достон ба ҳамон фалсафаи Фридриш Нитше, файласуфи олмонӣ буд, ки мегуфт, дар ҷаҳони имрӯзӣ Худованд мурдааст.

Зимнан, ин достон дар Миср ҳаргиз ба шакли китоб чоп нашуд, балки пора-пора дар рӯзномаи мисрии "Ал-аҳром" ба таври нотамом ба чоп расид. Иддае бар ин боваранд, ки ҳамин асари Маҳфуз боъис шуд, ки теъдоди андаке аз китобҳои вай ба забони форсӣ дар Теҳрон мунташир шавад. Хусрави Ноқид, фарҳангнависи иронии муқими Олмон, ки ҳамаи китобҳои Наҷиб Маҳфузро хондааст, дар ин бора мегӯяд:

"Бархе аз осори Маҳфуз ба хусус дар ин се даҳаи гузашта дар шароите, ки алъон дар Эрон ҳаст, мутарҷимон ба суроғи румонҳои Маҳфуз намераванд. Чун ин ҳарос ҳаст, ки шояд натавонанд иҷозаи интишор касб кунанд. Аз ҷумла китоби "Бачаҳои маҳаллаи мо", ки дар оғоз ба сурати поварақӣ дар рӯзномаи "Ал-аҳром" мунташир мешуд. Ҳатто ҳамон мавқеъ, дар соли 1959, дар замони Носир ин поварақиҳо ба таври комил чоп нашуд, чун эътироз шуда буд."

Вале оё воқеъан ҳам Наҷиб Маҳфуз таҳти таъсири фалсафаҳои ғарбӣ, ба вижа омӯзаҳои Фридриш Нитше қарор дошт? Хусрави Ноқид мегӯяд:

"Маҳфуз ин тавоноиро дошт, ки байни суннатҳои Шарқу Ғарб омезишеро ба вуҷуд оварад. Аммо табаҳҳури Маҳфуз дар ин буд, ки инҳоро дар қолиби румоне меовард, ки барои мардуми Машриқзамин қобили ҳазм буд. Бардошт аз файласуфони бузурги Ғарб дар осори ағлаби нависанадагони шарқӣ, чи эронӣ, чи араб ва турк, дида мешавад. Аммо дар навиштаҳои Маҳфуз муфассирон ва таҳлилгароне, ки ин нисбатро ба ӯ медиҳанд, бо ҷустуҷӯҳои зиёд ва бо "аммо"-ву "агар"-ҳои фаровон масъалаи таъсири Маҳфуз аз файласуфони ғарбӣ ва ба вижа Нитшеро матраҳ мекунанд."

Абдулҳамиди Самад, муъовини Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон низ шуморе аз осори Наҷиб Маҳфузро хонда ва дар бораи ӯ мегӯяд:

"Наҷиб Маҳфуз аз нависандагони бисёр доно ва пешрави ҷаҳони араб аст. Осори ӯ дар Тоҷикистон андак-андак маъруф аст. Румони "Роҳ"-Наҷиб Маҳфуз ба тоҷикӣ баргардон ва нашр шудааст. Дар баробари ин хонандаи тоҷик аз тариқи забони русӣ бо румонҳои Наҷиб Маҳфуз ошноӣ дорад. Манзури ман аҳли адаб ва аҳли илми Тоҷикистон аст. Худи ман "Сегонаи Қоҳира"-и ӯро хондаам. Ба ақидаи ман, воқеъан ҳам метавон Наҷиб Маҳфузро ба "аҳроми Мисри қарни 20" ташбеҳ кард. Вай зиндагии печида, сарнавиштҳои талх ва тамоми масоили доғи рӯзгори арабҳои бодиянишинро ба таври хеле барҷаста ва дурахшон тасвир кардааст."

Агар дар бораи ин матлаб назаре доред, лутфан ба нишонии tajik@rferl.org бифиристед.
XS
SM
MD
LG