Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайкараҳои нав дар Кӯлоб


Дар маҳаллаи Доманакӯҳи шаҳр пардаро аз рӯи пайкараи бузурги Шамсиддини Шоҳин нахуствазир Оқил Оқилов бардошт. Муаллифи пайкараи Шамсиддини Шоҳин Аъло Шернаев ва муаллифи симои Шоҳин Вафо Назар - наққоши мардумии Тоҷикистон мебошанд.

Дусад қадам дуртар аз ин ҳайкал нимпайкараи шоъири фақид Ашӯри Сафар дар гулгашти ҳамноми шоъир қомат афрохт. Шамсиддин Одинааҳмадов, муаллифи нимпайкара кӯшидааст, то дар симои Ашӯри Сафар, ки ҳамакнун рамзи лутф ва мутояба шудааст, як нимтабассуми танзбарангезро ҷо диҳад ва то ҷое муваффақ ҳам шудааст.

Файзи Ашӯр - масъули гулгашт ва фарзанди шоир мегӯяд, дар ҳамин маврид осорхона ва китобхонаи шоир низ дар шаҳр ифтитоҳ ёфт. Барои осорхонаи Ашӯр Сафар ҳукумати вилояти Хатлон 100.000 ва барои нимпайкараи шоир 16.000 сомонӣ ва барои пайкараи Шоҳин 75.000 сомонӣ ҷудо кардааст.

Дар ҳамин маврид, боз ду тандиси дигар, пайкараи Аноҳито - фариштаи оби поку борварӣ дар кеши маздаяснӣ ва Парии обӣ, ки намоде аз асотири юнонист дар маркази шаҳри Кӯлоб қомат афрохтанд. Вале дар вазорати фарҳанг ба Озодӣ гуфтанд, ки ба ҷуз аз пайкараи Шамсиддини Шоҳин ва Ашӯр Сафар дигар тандисҳо мавриди баррасии идораи бозрасии фарҳанг қарор надоштанд ва онҳо дорои шиноснома нестанду ба таври ғайриқонунӣ қомат афрохтаанд.
XS
SM
MD
LG