Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи рӯзи оғози расмии корзори интихоботӣ дар Тоҷикистон


Кумисиюни Марказии Интихобот дар Тоҷикистон рӯзи душанбе (4 сентябр) эълом кард, ки корзори интихоботӣ дар ин кишвар расман рӯзи 16 сентябр оғоз хоҳад шуд.


Ҳар як аз номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон барои таблиғот аз будҷаи давлат 1000 дулор дарёфт хоҳад кард. Ба гуфтаи Кумисиюни Марказии Интихобот, ҳаҷми маболиғи таблиғотӣ набояд бештар аз 30 000 дулор бошад.


Мирзоалӣ Болтуев, раиси Кумисиюни Марказии Интихобот гуфтааст, ки ҳамаи ҳашт ҳизби сиёсии расмии кишвар, иттиҳодияҳои синфӣ, иттиҳоди ҷавонони ҷумҳурӣ, иттиҳодияи маҷлисҳо (шӯроҳо)-и вилоятҳо ва ноҳияҳо аз ҳаққи пешбарии номзад ба болотарин мақоми кишвар бархурдоранд.


Бино ба додаҳои ин кумисиюн, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон 68 ҳавзаи раъйгирӣ ва 3200 сандуқи раъй, аз ҷумла дар ҳашт минтақаи Русия ва чанд кишвари хориҷии дигар, ки Тоҷикистон он ҷо намояндагиҳои диплумотик дорад, фаъъол хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG