Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ниёзов: "ҲДТ ҳадди ақал се номзад ба мақоми раиси ҷумҳур дорад"


Ҷумъабой Ниёзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, ҲДТ ҳадди аққал се номзади эҳтимолӣ ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дорад. Ӯ ҳамчунин аз тасмими раёсати ин ҳизб дар мавриди ширкати он дар интихоботи раёсати ҷумҳур иттилоъ дод, вале гуфт, тасмими ниҳоӣ дар ин мавридро анҷумани нуҳуми ғайринавбатии ҲДТ хоҳад гирифт. Оқои Ниёзов гуфт, раёсати Ҳизби демократ рӯзи баргузории анҷумани ғайринавбатии ҳизбро 24 сентябри соли ҷорӣ таъйин кардааст.


Аммо, дар ҳамин ҳол, Масъуд Собиров, раиси ҷиноҳи дигаре дар ҲДТ, ки дар анҷумани фавқулоддаи рӯзи 27 августи ин ҷиноҳ раиси ҳизб интихоб шудааст, мегӯяд, ҲДТ ҳанӯз дар ҳамон анҷумани мазкур тасмими ширкат дар интихоботро гирифта буд ва номзади эҳтимолии онҳо узви Ҳизби демократ нахоҳад буд.


Ин дар ҳолест, ки Ҷумъабой Ниёзов, иҷрокунандаи вазифаи ҲДТ дар нишасти хабарии имрӯзи худ гуфт, раёсати Ҳизби демократи Тоҷикистон анҷумани фавқулоддаи 27 августро, ки ҷиноҳи Масъуд Собиров таъсис карда буд, кӯшиши табаддулот дар дохили ҳизб унвон карда, қарор дод, то дар анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб, ки 24 сентябр доир хоҳад шуд, баррасӣ намояд. Вале Масъуд Собиров, раёсати зери раҳбарии Ҷумъабой Ниёзовро як гурӯҳи кӯчаки дохилиҳизбӣ унвон карда ва афзуд, онҳо ҳаққи қонунӣ ва маънавии аз номи раёсати ҳизб сухан кардан ва номзад пешбарӣ карданро надоранд.


Ва аммо ин баҳсҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки Вазорати адлияи кишвар қаблан гуфта буд, Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро ба сифати раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон эътироф мекунад.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG