Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кашфи як пинҳонгоҳи силоҳ дар ноҳияи Айнӣ


ШР

Гурӯҳи кашфи нирӯҳои марзбони Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷакент ва кормандони шӯъбаи Вазорати амнияти кишвар дар ноҳияи Айнӣ дар деҳаи Искодар як пинҳонгоҳи силоҳу муҳимоти ҷангиро ошкор ва мусодира карданд.


Шодиқул Бобоҷонов, муовини раиси ноҳияи Айнӣ ба радиои Озодӣ гуфт, бори аввал аст, ки дар ин ноҳия чунин миқдор силоҳу муҳимимот кашф шудааст. Вай гуфт:


"Аз ин пинҳонгоҳ як адад мушакадоз, се мушак, чор мина барои миномет, се минаи зидди танк, ҳафт норинҷак, 115 дона тири силоҳи калашников ва шаш тирдон дарёфт шуд."


Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар робита ба махфигоҳи аслиҳа парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқ идома дорад. Вале эҳтимол меравад, ки ин пинҳонгоҳ аз давраи даргириҳои соли 1998 боқӣ монда бошад. Дар ҳамин маҳал ҳангоми ҳамлаи тарафдорони сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев миёни онҳо ва нирӯҳои давлат задухӯрдҳо ба амал омада буд. Аввали имсол дар як мавзеъи наздик ба марзи Ӯзбакистон низ як пинҳонгоҳи аслиҳа кашф шуда буд.
Шоҳини Равшан, Панҷакент
XS
SM
MD
LG