Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори Эмомалӣ Раҳмонов бо сафири нави Амрико


Трейси Анн Ҷейкобсон, сафири тозатаъини Амрико дар Тоҷикистон гуфт, кишвараш умедвор аст, ки интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ баргузор гардад. Ин матлабро хонум Трейси Анн Ҷейкобсон баъд аз мулоқот ва таслими устуворномаи худ ба Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иброз дошт. Хонум Ҷейкобсон гуфт, наҳваи баргузории ин интихобот нишон хоҳад дод, ки дар кадом сатҳ ба мафҳуми демократия дар Тоҷикистон эҳтиром гузошта мешавад. Ӯ афзуд, ба ин далел кишвараш моил аст, раванди баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро бодиққат пайгирӣ намояд.


Сафири ҷадиди Амрико дар Тоҷикистон дар сӯҳбате, ки пас аз дидор бо президент Раҳмонов бо хабарнигорон дошт, гуфт, дар мулоқоти ӯ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон мавзӯъоти озодии матбуот ва дастрасии номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар ба он низ матраҳ будааст. Ӯ гуфт, дар ин дидор ҳамчунин масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ аз ҷумла, дар заминаи нерӯи барқ, омӯзишу парвариш, мубориза бо даҳшатафканӣ ва қочоқи маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Сафири ҷадиди Амрико дар Тоҷикстон бунёди пул бар фарози рӯдхонаи Панҷро намунаи боризи густариши муносиботи ду кишвар дар бахши иқтисодӣ номид ва гуфт, бо мавриди истифода қарор гирифтани ин пул Тоҷикистон ба сӯи бозорҳои ҷадиди хориҷӣ роҳ меёбад. Ва аз сӯи дигар ин пул боиси ташвиқ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба бахшҳои мухталифи иқтисоди ин кишвар хоҳад шуд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG