Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзади Шумо дар интихобот


Бовар кунед, ин баҳсҳо бефоида аст. Раҳмонов-ҷон ҳатман мегузарад. Хоҳед-нахоҳед ин боз 14 соли дигар раисиҷумҳур аст ва пас аз ӯ Рустамҷон. Шод бошед.
Худоҷӯй
-----------------------------------------

Бародарони азиз ва хоҳарони гиромӣ. Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҳамаи мост. Пас биёед, якҷоя андеша бикунем. Ман бовари комил дорам, ки ин интихобот қонунӣ нахоҳад гузашт. Агар фақат "ҷаноби олӣ" номзадии худро монад ва барои намоиш номи ягон номзади дигарро низ монад, пас андеша накарда 7 миллион аҳолӣ ба Интихобот намеравем...
Вафо
-----------------------------------------

Чӣ, оё мо чунин имконро дорем? На, дурӯғ аст ва ё ин ки шояд ман хоб бошам.
ASD
-----------------------------------------

Ба номи худо. Истифода аз рӯи ақл ва бо варақ задани корномаи номзадҳо интихоби ман аст. Ҳар касе бештар хидматгузори дин, миллат ва ватан аст, интихоби ман ҳам ҳамон номзад аст.
Нуъмон
-----------------------------------------

Мардум ҳар чи ҳаст, раисиҷумҳураш ҳам ҳамон аст. Худо агар бихоҳад миллатеро сарзаниш кунад ва ба сари он миллат балое орад, раҳбари золиме мефиристад, то ба худ оянд. Ва ҳич миллате, то худаш нахоҳад сарнавишташро тағйир диҳад, худо ҳам намехоҳад. Ин миллат аст, ки бояд хоҳад ва интихоб кунад.
jon_ketti
-----------------------------------------

Салом. Ба назари ман, агар ҷаноби Раҳмонов мехоҳад ба миллат хидмат кунад, агар миллатдӯст аст, агар иддаъои демукросиро мекунаду дорад, бояд дар ин интихобот ширкат накунад ва роҳи худкомагию зулму ситамро поён диҳад. То ба кай дар торикию зулмат зиндагӣ кунем? Шарманда ва ходими русҳо бошем ва дигарон? То ба кай раисиҷумҳуримонро дигарон таъйин кунанд? Агар ҷаноби Раҳмонов каси дигареро ғайр аз худаш ҷонибдорӣ кунад, ҳадди ақал мисли Елтсин дар торих номаш ба гурӯҳи номҳои Саддом Ҳусейну Ҳитлеру Столину... роҳ нахоҳад ёфт...
Бузургӣ
-----------------------------------------

То кай ин зулму ситам пойдор аст? Ҳеч вақт то ба охир намеравад. Тоҷикони азиз, биёед, ба одами хирадманд овоз медиҳем, на ба ин раисиҷумҳури кунунӣ.
Афшинбой
-----------------------------------------

Бародарон. Биёед ин интихоботу президенти арзандаи худро фаромӯш кунед. Зинда бошед шумову номзади интихобкардаи шумо, то рӯзе, ки косаи сабри мардум лабрез мешавад ва номзади шуморо аз курсиаш сарнагун хоҳад кард. Хоҳам он бедоду ситам вайрон бод, Хоҳам он маҳкамаи зулм мазористон бод...
Olymp
-----------------------------------------

Тоҷикистони офтобии моро торикӣ фаро гирифтааст. Намедонам халқи тоҷик чи гуноҳе кардааст дар пеши Худо, ки дар доми ин президент... гирифтор шудааст. Президенти кунунии Тоҷикистон бояд курсиро ба шахсони донишманд супорад. Ин маънои онро дорад, ки вай ҳаргиз номи худро ба интихоботи раисиҷумҳурӣ намонад.
Даврон
-----------------------------------------

Салом. Умуман, агар мо гӯем, ки ғайр аз раисиҷумҳурии феълӣ дигар шахсони лаёқатманд ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ вуҷуд надоранд, ин хатои маҳз аст. Дар ҷумҳурии мо ҳастанд шахсони сиёсатмадор ва лаёқатманд ба монанди Муҳиддини Кабирӣ, Сайфиддин Тӯраев, Раҳматулло Зойиров ва амсоли онҳо.
Мухаммад
-----------------------------------------

Воқеан, ба назари банда, ин мушкилтарин суолест, ки Майдони Баҳс дар тӯли мавҷудияти худ ба хонандагон ҳавола кардааст. На ба он хотир, ки ҷасорат барои ҷавоб гуфтан нест, балки ҳақиқат ин аст, ки дар Тоҷикистони демократӣ ҳеч як номзаде (ғайр аз Раҳмонов) худро ба таври бояду шояд муаррифӣ карда наметавонад. Эмомалӣ Шарипович бошад аз будаш зиёд ба мардум ошност. Вале ҳеч мумкин нест, ки миллате чун аз "нажоди ориёӣ" дар интихоби пешво "большой выбор" надошта бошад. Ман шахсан ба Раҳмонов овоз медиҳам,зеро то ҳол бо вуҷуди монеаҳо ман мунтазири он ҳастам, ки ин ё он шахс ба таври бояду шояд худро ҳамчун рақиби Раҳмонов ифода мекунад. Барои мисол, Худо накарда, дар марҳалаи кунунӣ Раҳмонов аз байн равад, пас миллати тоҷик низ аз байн меравад? Охир набудани пешво ҳамин маъноро дорад-ку?! Агар чунин вазъият ба вуҷуд ояд, пас он вақт Раҳмонов гунаҳкори асосӣ хоҳад буд. Агар ин гуфта дурушт аст,пас биёед бикӯшем, то нотакрор будани Раҳмоновро фоли нек арзёбӣ накунем. Ва ба он роҳ ҳам надиҳем.
Собир Масъудов
-----------------------------------------

Номзади ман Маҳмадсаид Убайдуллоев аст. Ин одам гапи зиёд намезанад ва кор мекунад... Дар масъалаи шикам сер ҳам ҳаст ва дигаронро ҳам сер мекунад. Хулоса, ба ӯ овоз диҳед.
Саид
-----------------------------------------

Номзадам - Раҳмонов. Арзанда ва уҳдабаро. Зойиров... намешавад. Кабирӣ сиёсатмадори хуб ҳам бошад, раҳбарии давлат кори саҳл нест. Дар бораи Тӯраев умуман гап назанед. Яъне Шумо як чизро амиқан дарк кунед. Моро алъон раиси ҷумҳурии аллакай тайёр лозим аст. Кишварамон дар ҳоли рушд, ки ҳаст, аз ҳамин лиҳоз. Шумо медонед, ки мабодо дигаре ба ин мақом мушарраф гардад, чи қадар суръати рушди соҳаҳои гуногуни кишвар паст мешавад. То ин номзади мо ба ҷое мерасад, то вай бо ину вай шинос мегардад, то сиёсаташро ба раҳбарони вазорату идораҳо мешиносонад, то мақомеро байни сарони дигар кишварҳо сазовор мешавад ва бебаҳс, то даруни худу оила ва атрофиёнашро сер мекунад, ки эҳҳе..... чи қадар вақт мегузарад. Умуман, рафтани Раҳмонов ба манфиати мо нест.
Умед
-----------------------------------------

Салом. Номзади ман шахсест, ки миллатдӯст бошад ва хидматгору ғамхори халқи тоҷик. Ва рӯшанфикр бошад, ҷавон ва ҷавонписанд, забондон ва дорои вижагиҳои раҳбарӣ. Қудратталаб ва қавмгарою маҳалгаро набошад.
Ғайр аз раиси ҷумҳури феълӣ бошад. Яъне агар ҷуръат доштабошад, ба мисли Раҳматуллоҳ Зойиров, Муҳиддини Кабирӣ, Сайфиддин Тӯраев ва шахсиятҳои дигар, ки мавриди писанди мардум бошанд.
Салим
-----------------------------------------

Бо арзи салом. Албатта дар вазъи имрӯзаи Тоҷикистон хело ҳам мушкил аст ки як шахс номзади идеал барои Раёсати Ҷумҳуриро дошта бошад. Аммо бе тараф ҳам будан иштибоҳест нобахшиданӣ. Банда дар ҳоли ҳозир танҳо касеро ки меписандам ин Раиси Ҷумҳури мӯҳтарам Эмомалӣ Шарипович аст, чун шахси бовиқор ва ҳадди ақал дар эътиқоди худ собит аст. Агар беҳтар аз ин шахс касе пайдо шуд ва лаёқат дошт, бешак ман тарафдори ӯ мешавам.
Низом Асомуддинов.
-----------------------------------------

Салом. Бале, он касе, ки мегӯяд, аксари мардуми Тоҷикистон кайҳо интихоби худро кардааст, дуруст мегӯяд. Вале он номзад, на он номзадест, ки ӯ дар назар дорад. Бо вуҷуди ин, тазодди кор дар он аст, ки ҳамон номзаде, ки ин шахс дар назар дорад, "ғолиб" меояд.
Маҳмадраҳим
-----------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG