Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон - Ироқ - 1 : 0


Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар нахустин бозии худ дар қисмати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё миёни навҷавонони зери 17-сола дар Сингапур дар гурӯҳи «В» бар тими Ироқ бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба кард.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ низ тими Эрон бар дастаи Яман бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯз шуд. Ҳамчунин ду бозии даври аввал дар гурӯҳи «А» сурат гирифт. Тими Ҷопон бар дастаи Непал бо натиҷаи 6 бар 0 ва Куриёи Ҷанубӣ бар Сингапур бо натиҷаи 3 бар 1 ғолиб омаданд.
Дар даври дуввум рӯзи сешанбеи 5 сентябр дастаи Тоҷикистон бо тими Эрон ва Яман бо Ироқ рақобат мекунанд.

Ва хабари дигар. Бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон - 2006 баргузор шуд. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо натиҷаи 3 бар 0 шикаст дода, ба бозии ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Зеро дар бозии аввал «Хуҷанд» бо натиҷаи 2 бар 0 ғалаба кардааст. Дар бозии дигар «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар тими мизбон - «Энергетик»-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 0 пирӯз шуда, ба нимфинал баромад. Бозии аввал низ ба нафъи «Парвоз» бо натиҷаи 5 бар 0 ба поён расидааст. Ва аммо бар асоси қуръакашӣ дастаҳои «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «Хима»-и Душанбе бидуни ширкат дар марҳалаи севвум ба давраи ниманиҳоӣ роҳ ёфтаанд.

Бад - ин тартиб, чаҳор дастае, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон муддаъии аслии унвони қаҳрамонианд, муборизаро барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон идома медиҳанд. Дар бозиҳои ниманиҳоӣ, ки рӯзҳои 26 ва 30 сентябр баргузор мешаванд, «Регар» ТадАЗ бо «Парвоз» ва «Хима» бо
«Вахш» зӯрозмоӣ мекунанд.

Барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2006 рӯзи 5 октябр дар бозии ниҳоӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG