Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав боздошт шудаанд


Хадамоти муҳоҷирати Русия хабар дод, ки тайи ду рӯзи охир зимни амалиёти "Муҳоҷири ғайриқонунӣ" дар Маскав 5 ҳазору 500 нафар боздошт шуд, ки аксарияти онро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил додаанд. Бар зидди ҳар кадоми онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, барои муҳокима ба додгоҳ ирсол гаштааст.


Додгоҳ метавонад, ҳар боздоштшударо то 1500 рубли русӣ ҷарима кунад ва ё ба ихроҷи ӯ аз Русия ҳукм барорад. Чунончи, 420 нафар ҳукми ихроҷ гирифт ва ҳамаи онҳо то панҷ соли дигар ҳаққи вуруд ба Русияро нахоҳанд дошт. 70 нафар ба ҳабс маҳкум шуда, то ҳоло 60 нафар ихроҷ гардид. Бақия интизори ҳукми додгоҳ мебошанд. Дар ҳоле ки аксарияти боздоштшудагонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил мекунанд, ҳамчунин намояндагони Ӯзбакистон, Арманистон ва Укроин низ боздошт шудаанд.


Дар ҳамин ҳол Маркази фарҳангии тоҷикони Рязан рӯзи саввуми сентябр анҷумани минтақавии муҳоҷиронро барпо кард. Дар ин маҳфил бо ширкати мақомоти шаҳри Рязан ва Сафорати Тоҷикистон дар Русия масъалаҳои иҷтимоии муҳоҷирон баррасӣ гардид.
XS
SM
MD
LG