Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин бозии Тоҷикистон бо Ироқ баргузор мешавад


Дастаи мунтахаби навҷавонони Тоҷикистон нахустин бор дар қисмати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё миёни афроди зери 17 сол, ки аз 3 то 17 сентябр дар Сингапур баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Футболбозони навраси тоҷик таҳти раҳбарии сармураббӣ Пӯлод Қодиров дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Ироқ, Эрон ва Яман рақобат мекунанд. Дастаи Тоҷикистон дар нахустин дидори худ рӯзи якшанбеи 3 сентябр бо тими Ироқ қувва меозмояд. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои Эрон ва Яман баргузор хоҳад шуд. Дар даври дуввум рӯзи сешанбеи 5 сентябр Тоҷикистон бо Эрон ва Яман бо Ироқ бозӣ мекунанд. Рӯзи панҷшанбе, 7 сентябр, бозиҳои даври севвум байни тимҳои Эрон ва Ироқ, Яман ва Тоҷикистон барпо мешавад.

Тақвими бозиҳои гурӯҳҳои дигар чунин аст:
Гурӯҳи «А» - 3 сентябр - Куриёи Ҷанубӣ - Сингапур, Ҷопон - Непал
5 сентябр - Сингапур - Ҷопон, Непал - Куриёи Ҷанубӣ
7 сентябр - Куриёи Ҷанубӣ - Ҷопон, Сингапур - Непал

Гурӯҳи «С» - 4 сентябр - Куриёи Шимолӣ - Арабистони Саудӣ,
Лаос - Мянма
6 сентябр - Арабистони Саудӣ - Лаос, Мянма - Куриёи
Шимолӣ
8 сентябр - Куриёи Шимолӣ - Лаос, Арабистони
Саудӣ - Мянма
Гурӯҳи «D» - 4 сентябр - Чин - Сурия, Бангладеш - Вйетнам
6 сентябр - Сурия - Бангладеш, Вйетнам - Чин
8 сентябр - Чин - Бангладеш, Сурия - Вйетнам

Бозиҳои чаҳорякниҳоӣ 11 сентябр, бозиҳои ниманиҳоӣ 14 сентябр, бозӣ барои ҷои севвум ва бозии ниҳоӣ 17 сентябр баргузор мешаванд. Чаҳор дастаи мумтози ин мусобиқот қораи Осиёро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни навҷавонони зери 17 сол, ки соли оянда дар Куриёи Шимолӣ доир мегардад, намояндагӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG