Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози соли нави таҳсил дар Тоҷикистон


Рӯзи якуми сентябр дар Тоҷикистон ҳудудан сею ним ҳазор мактаби ҳамагониву даҳҳо мактаби вижаи миёна ва донишгоҳҳои кишвар дарҳои худро ба рӯи донишомӯзон боз карданд.


Тибқи иттилоъи расмӣ, имсол дар қаламрави ҷумҳурӣ боз 24 мактаби нави ҳамагонӣ бунёд шуд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, як рӯз қабл аз шурӯъи мавсими нави таҳсил дар маросими расмии гушоиши ду мактаби нав дар шаҳр Душанбе Эмомалӣ Раҳмонов - раисиҷумҳурии Тоҷикистон ширкат дошт.


Субҳи якуми сентябр дар толори Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон тайи маросиме бо ширкати беш аз 700 донишҷӯ ва муаллим, Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳурии Тоҷикистон дарси сулҳ доир мекунад ва ин маросим аз тариқи шабаки аввали телевизюни Тоҷикистон мустақиман намоиш дода мешавад.


Имсол, бино бар иттилоъи Вазорати маорифи Тоҷикистон, 26.000 ҷавон ба мадориси олии Тоҷикистон дохил шудаанд.
XS
SM
MD
LG