Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарфи назар аз ҳушдори СММ Эрон ғанигардонии уранро идома медиҳад


Бунгоҳи ҳаставии СММ иброз доштааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон сарфи назар аз ҳушдори СММ ғанигардонии уранро идома медиҳад.
Шӯрои Амнияти СММ аз Эрон тақозо карда буд, ки то 31 август ғанигардонии уранро хотима бахшад ва ё дар ҳоли баръакс бо таҳрими эҳтимолии СММ мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Дирӯз Агентии Байналмилалии нерӯи Ҳаставӣ, ки марказаш дар шаҳри Вена мебошад, гузориш дар бораи барномаи ҳаставии Эронро дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ ироа намуд.
Дар гузориш омадааст, ки Эрон рӯзҳои ахир миқдори ками уранро ғанӣ гардонд. Ба қавли бунгоҳи ҳаставии СММ кӯшиши таҳқиқи ин масъала аз сабаби ҳамкории заифи мақомоти эронӣ бенатиҷа ба анҷом расид.
Баъди баррасии гузориш дар Шӯрои Амният Эрон иброз дошт, ки аз натиҷагирии Агентии Байналмилалии Нерӯи Ҳаставӣ қаноатмандии комил надорад, зеро муфаттишон "далели мушаххас"-е наёфтанд, ки барномаи ҳаставии Эрон ҳадафҳои низомӣ дорад.
Сафири ИМА дар СММ Ҷон Болтон мегӯяд, дар ҳоле ки Эрон тақозои СММ дар мавриди қатъи ғанигардонии уранро иҷро накардааст, Шӯрои Амнияти СММ бояд тарҳрезии таҳрими Эронро оғоз намояд:
"Гузориши Агентии байналмилалии нерӯи ҳаставӣ намунаи заъфи ҳамкории Эронро намоиш дода, собит мекунад, ки монеагузории Эрон ба муфаттишон бо иҷрои вазифаи аслӣ, яъне собит намудани ҳадафҳои осоиштаи барномаи ҳаставии Эрон имкон намедиҳад."
Дирӯз президенти ИМА Ҷорҷ Буш ба Эрон ҳушдор дод, ки баъди иҷро нашудани тақозои Шӯрои Амният дар вақти муқаррашуда, Ҷумҳурии Исломӣ масъули паёмади он хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG