Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуқоти заъфу қуввати бонкдорӣ дар Тоҷикистон


Яке аз муҳимтарин вазоифи бонкҳо иборатанд аз мусоъидат ба фаъъолияти муътадили иқтисоди миллист. Бад-ин манзур Бонки Миллӣ (Марказӣ) пули миллиро ба миқдори зарурӣ нашр мекунад ва гардиши онро тавре танзим менамояд, ки нарху навои бозор ҳадд-ал-имкон собит бошад ва пул беқурб нашавад.

Вазифаи дигари системи бонкӣ расондани ёрӣ ба рушди иқтисоди кишвар аст. Барои иҷрои ин вазифа бонкҳо (асосан бонкҳои тиҷорӣ) пасандозҳои мардум ва корхонаҳоро мепазиранд ва маблағҳои ҷамъшударо ба унвони қарза дар ихтиёри сармоягузорон қарор медиҳанд ва бад-ин тартиб, ба пешрафти иқтисоди кишвар ёрӣ мерасонанд. Аммо барои ин лозим аст, ки бонкҳо мавриди эътибору этимоди мардум бошанд. Яъне вазъи молишон хуб ва корашон босуботу самарабахш бошад, ба фиребу найранг даст назананд ва пасандозҳои мардумро барбод надиҳанд. Аммо мардум ба бонкҳои Тоҷикистон ва Русия, ки пули он дар Тоҷикистон низ гардиш мекард, итминон надоранд. Ва ин бесабаб нест. Таи 15-20 соли ахир ҳукумати шӯравӣ ва сипас ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон борҳо ба ислоҳоти пул даст заданд ва ҳар дафъа мардум аз пасандозҳои худ маҳрум шуданд.

Мардуми Тоҷикистон, ки аз ислоҳоти пул дар соли 1991 («ислоҳоти Павлов») ва дигар шудани пул дар Русия дар соли 1993 зарарҳои фаровон дида буданд, дар натиҷаи ислоҳоти пул дар Тоҷикистон дар соли 1995 ҳамаи пасандозҳо ва дороиҳои худро аз даст доданд ва комилан муфлис шуданд. Дефолти соли 1998 дар Русия ва чанд баробар пойин омадани арзиши рубли русӣ, ки дар Тоҷикистон низ аз он истифода мекарданд, ба мардуми мо зарбаи сахт расонд. Илова бар ин, баъзе бонкҳои хусусии Русия роҳи фиреб кардани мардумро пеш гирифтанд. Онҳо нархи баҳраи супурдаҳоро (депозитҳоро) беш аз андоза боло бурданд. Бисёр касон ба ин фирефта шуда, ҳамаи пулҳои худро ба он бонкҳо супурданд. Ҳатто занону мардони бознишаста. Созандагони ин «аҳромҳои молӣ» аз ин роҳ миллиардҳо рубл пули мардумро ҷамъ карда, худро варшикаст эълон карданд ва ғайб заданд. Шумори зиёди бонкҳои хусусии сустбунёд низ воқеъан варшикаст шуданд. Натиҷаи он ҳама зарбаҳои паёпай ба мардум ва иқтисоди Тоҷикистон ин буд, ки мардум ҳам пасандозҳои худро аз даст доданд, ҳам боварию эътимод ба системаи бонкии Тоҷикистону Русияро. Бинобар ин, онҳое ки пул доранд, пули худро дар бонкҳо нигоҳ намедоранд ва ё дар бонкҳои кишварҳои дигар нигаҳ медоранд. Албатта, таи солҳои ахир вазъият кам-кам иваз мешавад. Суботи нисбии пули миллии мо (сомонӣ) ва рубли русӣ боиси он шудааст, ки мардум аз онҳо истифодаи бештар мекунанд. Ба вижа муҳоҷирони тоҷик. Тибқи омори расмӣ, шумори онҳое ки аз хидамоти бонкҳои Тоҷикистону Русия истифода мекунанд, дар соли 2005 дар муқоиса ба солҳои гузашта 3-4 баробар бештар будааст. Вале ин маънои онро надорад, ки боварии мардум ба системаи бонкии мо зиёд шудааст.

Сабаби асосии рӯ овардан ба хидамоти бонкҳо - ин ночор будани мардум аст. Муҳоҷирони тоҷик ҳангоми бозгашт ба ватан аз чандин марзҳои давлатӣ мегузаранд ва ҳар бор мариди бемеҳрию зӯровариҳо қарор мегиранд. Кормандони гумруку марзбонҳо ва милисаҳо раҳгузарони тоҷикро азият мекунанд ва пули онҳоро бо зӯру таҳдидҳо кашида мегиранд. Ба вижа дар Қазоқистону Узбакистон. Бинобар ин, аксари муҳоҷирони корӣ ба бонкҳо рӯ меоранд, то аз ин роҳи амнтар пули худро ба хонаводашон бифиристанд. Зимнан, дар Тоҷикистон мекӯшанд, ки пулро зудтар аз бонк бигиранд. Камтар касоне пайдо мешаванд, ки аз бонкҳои Тоҷикистону Русия ба сифати сандуқи амонат истифода кунанд ва ё пасандозҳои худро барои гирифтани баҳра ба бонк биспоранд.

Албатта, чунин ҳолат ба суди иқтисод кишвар нест. Пулҳое, ки дар киссаҳо ва хонаҳои мардум нигоҳ дошта мешаванд, танҳо василаи табодула мебошанд, на сармоя. Афзун бар ин, хатари беқурбшавии онҳо ҳамеша вуҷуд дорад, зеро таваррум бо суръати кам ё зиёд дар ҳама ҷо вуҷуд дорад. Агар он пулҳо ба бонкҳо супурда шаванд ва бокҳо онҳоро ҷамъ намуда, ба сифати қарза ба соҳибкорону сармоягузорон бидиҳанд ва соҳибкорон аз онҳо барои харидани мошинолот, сохтани корхонаҳо ва афзоиши тавлиди маҳсулот истифада кунанд, он гоҳ пасандозҳои мардум ба сармоя табдил меёбанд. Сармоя суд меоварад ва иқтисоди кишвар пешрафт мекунад. Набудани боварӣ ба бонкҳо ва ҳирси беандозаю сиёсатҳои носолими бонкдорон иқтисоди кишварро аз манбаъи муҳими пешрафт маҳрум месозад.

Рӯиҳамрафта, ҳирсу баднафсӣ барои ҳамаи бонкҳо ва дигар муассисоти молӣ хос аст ва қариб ҳамаи амалиёти онҳо ба андозаи кам ё беш хислати савдогарона (спекулятивный характер) дорад. Вале бонкҳои кишварҳои пешрафта, ки таҷрибаи зиёд ва кадрҳои варзида доранд, мекӯшанд рафтори оқилона дошта бошанд ва «теша ба решаи худ назананд». Онҳо, ба вижа Бонкҳои Марказӣ, ки «бонки бонкҳо» шумурда мешаванд ва вазифаи амалӣ кардани сиёсати қарзаю пулии давлатро ба ӯҳда доранд, фаъолиятҳои худро бо дарназардошти вазъи мавҷудаи иқтисоди кишваршон ва ҳадафҳою манофеъи миллиашон танзиму амалӣ менамоянд. Масалан, ҳангоми рукуди иқтисод ва афзоиши бекорӣ сиёсати «пулҳои (қарзаҳо) арзон»ро пеш гирифта, сармоягузориро ташвиқ мекунанд. Бонки Марказӣ нархи воқеъии карзаро то 2-3% пойин меорад. Дар натиҷа, бонкҳои хусусӣ низ нархи қарзаро барои соҳибкорон то ба 3 ё 4% пойин меоранд ва ин боиси ташвиқи сармоягузорӣ мешавад. Аммо ҳангоми таваррум Бонки марказӣ сиёсати «пулҳои ё қарзаҳои гарон»ро пеш мегиранд, то аз болоравии нархи колоҳои бозор ҷилавгирӣ кунад..

Аммо бонкҳои Тоҷикистон то ба ҳол ба иҷрои чунин вазоиф муваффақ нашудаанд. Нахуст ин ки бинобар фақр ва нобоварии мардум бонкҳо ҳанӯз ба марокизи анбошти манобеъи молӣ табдил наёфтаанд. Аз сӯи дигар, бештари бонкҳо қарзаҳои хурд ва кӯтоҳмуддат медиҳанд. Он ҳам таҳти шароити хеле сангин: нархи баҳраи солонаи қарзаҳо 30 – 36% ва андозаи гарав дар ҳудуди яку ним – ду баробари маблағи қарза муқаррар шудааст. Ҳатто бо назардошти таваррум, ки солона дар ҳудуди 5-7% тахмин мешавад, ин нарх хеле баланд аст. Равшан аст, ки барои соҳибкорони бахши тавлидот чунин қарзаҳои гаронқимат ба ҳеч ваҷҳ қобили қабул нестанд, зеро мизони судоварӣ дар корхонаҳои тавлидӣ, маъмулан, ба маротиб камтар аст ва дар сурати истифодаи чунин қарзаҳо соҳибкорон варшикаст хоҳанд шуд. Дар айни замон бисёр соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои санъатии кишвар ба мушкили норасоии пул ва дастнорас будани қарзаҳои бонкӣ рӯбарӯ ҳастанд ва бадин сабаб наметавонанд сари вақт музди коргаронро бипардозанд ва маводи хому авомили тавлиди мавриди заруратшонро харидорӣ намоянд.

Имрӯз дар Тоҷикистон аз қарзаи бонкҳо фақат тоҷироне истифода мекунанд, ки ба воридот ва фурӯши колоҳои санъатӣ машғуланд ва мизони суди онҳо хело баланд аст. Онҳо ба баҳонаи баланд будани нархи қарза қимати колоҳояшонро боло мебаранд. Ин боиси аз байн рафтани тавозуни нархҳо дар бозор, мубодилаи нобаробари колоҳо ва тақсими дубораи даромади миллӣ ба суди тоҷирони гаронфурӯш гардида аст. Бонкҳои Тоҷикистон низ дар кори баҳракашӣ аз мардуми фақири кишвар бо тоҷирон шарик шудаанд. Ҷолиб ин аст, ки намояндаҳои бархе бонкҳои хориҷӣ низ дар ин кор бо бонкдорони Тоҷикистон ҳамдаст шудаанд.

Албатта, дар шароити иқтисоди бозор ҳадафи фаъолияти ҳамаи корхонаҳою муассисот ба даст овардани суди бештар аст. Вале ин замоне муяссар мешавад, ки ҳамагон аз як сиёсати дуруст ва барои тамоми бахшҳои иқтисоди кишвар муфид, пайравӣ кунанд. Зеро дар паҳнаи иқтисод ҳама чиз бо ҳам вобаста аст ва аз байн бурдани мувозинату таодул дар корҳо ҳамеша фарҷоми бад дорад, аз ҷумла барои рушди низоми бонкӣ. Бинобар ин, метаван гуфт, ки имрӯз сиёсатҳою фаъолиятҳои бонкҳои Тоҷикистон оқилона нестанд ва ба пешрафти иқтисоди кишвар мусоидат намекунад. Барои марҳилаи кунунӣ сиёсати қарзаҳои арзон ва ташвиқи сармоягузориҳо муносибтар аст.
XS
SM
MD
LG