Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод: Мо зери бор намеравем


Маҳмуди Аҳмадинажод - раисиҷумҳурии Ирон бо қотеъият аз "ҳаққи шаръии кишвараш ба истифода аз фанноварии сулҳомези ҳастаӣ" дифоъ кардааст.


Изҳороти Аҳмадинажод дар ҳоле мунташир шудааст, ки 31 август зарбулъаҷали Шӯрои Амнияти СММ ба сар мерасад. Шӯрои Амният аз Ирон хостааст, ки ғанисозии ураниюмро мутаваққиф кунад, вагарна бо таҳримҳои эҳтимолии СММ мувоҷеҳ хоҳад шуд.


Оқои Аҳмадинажод зимни як суҳбати телевизионӣ дар шаҳри шимоли ғарбии Урумия гуфт, ки душманони кишвараш саъй доранд дар байни мардуми Ирон ихтилоф барангезанд:


" Ҳамагон бидонанд, ки миллати Ирон заррае зери бори ҳарфи зӯр ва таҷовуз ва тазйиъи ҳуқуқи худаш нахоҳад рафт".


Мақомоти Ирон таъкид мекунанд, ки барномаи ҳастаии ин кишвар ҳадафҳои сулҳомез дорад. Вале кишварҳои ғарбӣ нигаронанд, ки Ирон мехоҳад силоҳи ҳастаӣ тавлид кунад. Кишварҳои ғарбӣ ба Ирон пешниҳод кардаанд, ки дар муқобили имтиёзҳои тиҷориву иҷтимоъӣ аз ғанисозии ураниюм даст кашад.
XS
SM
MD
LG