Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд


Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъин шуд. Вай дар ин вазифа Шариф Назаровро, ки бо хоҳиши худ истеъфо додааст, иваз кард. Муҳаммадҷон Ҳабибуллоеви 41-сола ҳамзамон сармураббии тими лигаи олӣ - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода мебошад. Ин даста дар тӯли панҷ соли ахир таҳти раҳбарии ӯ чаҳор бор қаҳрамони Тоҷикистон гардида, се бор Ҷоми футболи ин кишварро ба даст овардааст ва соли гузашта аввалин барандаи Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё шудааст. Оқои Ҳабибуллоев зимни сӯҳбат бо хабарнигори радиои Озодӣ гуфт: "Имсол тими миллии футболи Тоҷикистон дар ягон мусобиқоти расмӣ ширкат намеварзад, бинобар ин мо танҳо пас аз анҷоми мусобиқоти қаҳрамонии футболи кишвар нақшаи кории дастаи мунтахабро барои соли оянда тартиб хоҳем дод."

Ва як хабари дигар. Ду бозии чаҳорякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон -2006 баргузор шуд.

Тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бар дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 2 бар 0 пирӯзӣ ба даст овард. Дар бозии дигар тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар дастаи меҳмон - «Энергетик»-и Душанбе бо натиҷаи 5 бар 0 ғалаба кард. Бозиҳои ҷавобӣ рӯзи шанбеи 2 сентябр баргузор мешаванд ва тимҳои ғолиб ба марҳалаи ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Ва аммо бар асоси қуръакашӣ дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Хима» бидуни ширкат дар марҳалаи севвум ба давраи ниманиҳоӣ роҳ ёфтаанд. «Регар» ТадАЗ бо ғолиби ҷуфти «Парвоз» - «Энергетик» ва «Хима» бо ғолиби ҷуфти «Хуҷанд» - «Вахш» зӯрозмоӣ хоҳанд кард. Бозиҳои аввали ниманиҳоӣ рӯзи 26 сентябр ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 30 сентябр барпо мешаванд. Барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2006 рӯзи 5 октябр дар бозии ниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG