Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 ноябр - рӯзи раъйдиҳӣ


Ба системи раъйдиҳӣ дар Тоҷикистон ҳамон касоне эътимод доранд, ки баранда мешаванд, яъне ба комёбӣ ва пирӯзии худ бовар доранд. Ин сандуқҳои интихоботӣ сандуқҳои афсонаиро мемонанд, ки дар дарунаш чизе меандозиву баъд, вақте кушодӣ, чизи дигар пайдо мешавад. Хандаовар аст. Дар интихобот, чи мушорикат кунӣ чи на, натиҷа як хел аст. Яъне пирӯзии ҳизби ҳоким ва салом.
Салимҷони Шариф
----------------------------------------------

Интихобот дар Тоҷикистон дар марҳилаи имрӯза як чизи бекора аст. Барои он ки Раҳмонов танҳо бо худ рақобат мекунад. Хуб мебуд, он маблағҳое, ки барои интихоби раисиҷумҳурӣ масраф мешавад, ба ятимону бесарпаноҳон эъто шавад. Ғами ятимонро хурдан беҳтар аз дабдабакориҳост.
Раҳим
----------------------------------------------

Бо салом. Ман на танҳо ба системи раъйдиҳӣ дар Тоҷикистон, балки ба навад дарсади корҳову гуфтаҳои шахсони болонишин низ эътимод надорам.
Далер
----------------------------------------------

Дуруд. Не, не... Дурӯғе беш нест, ҳамаш фиреб аст.
Толик
----------------------------------------------

Салом. Дар Тоҷикистон шаби баъд аз интихобот утоқи раъйшуморӣ то субҳ рӯшан аст, то хатоҳои мардум тасҳеҳ шавад... Ҳозир пешрафтатар шудааст системи интихобот. Мардум дар сандуқ раъй медиҳанду як сандуқи дигар аз қабл омодааст. Ҳадя аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ ба сарвари давлат...
Тоҷикон
----------------------------------------------

Дуруд дӯстони азиз! Ман ба сандуқҳои раъйдиҳии шаффоф эътимод дорам, на ба одамони раъйдеҳу раъйшумор.
Каюмарси Ато
----------------------------------------------

Системаи раъйдиҳии Тоҷикистон мӯъҷизаосо мебошад.Варақаи раъйдиҳӣ ба номи ҳар касе вориди сандуқ шавад ҳам аз он сӯ, ба номи ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмонов берун хоҳад омад.
Салимҷон
----------------------------------------------

Боз ҳамону боз ҳамон. дигар ҳеҷ!
Мирзокарим
----------------------------------------------

Дар интихоботи Тоҷикистон аз рӯи усули Сталин амал мекунанд: "Муҳим нест, ки ба кӣ овоз медиҳанд. Муҳим аст, ки чӣ гуна мешуморанд"
Маҳмадраҳим
----------------------------------------------

Чунин интихоботи пуч дар Тоҷикистон ва ё мамолики Осиёи Миёна барои чӣ гузаронида мешавад?
Охир аз ду сар ҳамин "падарони миллат" ба курсии президентӣ роҳ меёбанд. Дар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ сару садои баланд дар бораи демократия ва бисёрҳизбӣ чӣ лозим аст? Ман мутмаъинам, ки навад дар сади аҳолии Тоҷикистон аъзои ҳизбе нестанд ва аз интихоботу ҳизббозӣ безоранд.
Абдулло
----------------------------------------------

"Меояду меравад"
Ҳидоят
----------------------------------------------

Гумон надорам, ки касе ба Эмомалӣ Раҳмонов рақобат карда тавонад. Вале чун рақиби воқеъӣ нест, интихоботи соли 2006-ум олӣ хоҳад гузашт.
Илҳомҷон Ҳамидов


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG