Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро Тӯраҷонзода аз Раҳмонов ҳимоят мекунад?


Тӯраҷонзода таҷассуми "шахси дигари шӯравӣ" аст, он қисмати сағири мардуми шӯравӣ, ки дар чорчӯбаи як ахлоқе инфиродӣ, бидуни гунҷоиш ба дастгоҳи дурӯяи идиулужики Шуравӣ ба сар мебурданд. Дар тамоми қаламрави Шӯравӣ ин гуна ашхос ҳомили фарҳанги даврони пеш аз сохти Шӯравӣ буданд ва барои
эшон вожаи "Ахлоқ" маъние дошт. Ба фикри ман имрӯз мо шоҳиди он астем, ки ҷомеаҳои собиқ Шуравӣ оҳиста-оҳиста барои худ танҳо он раҳбаронеро, ки қобиланд оддитарину соддатарин қавонини ахлоқӣ ва шаръиро риоя кунанд, интихоб мекунанд. Аммо барои пешомади ин гуна воқеият худи ҷомеаи тоҷик бояд пухта расад. Бешак, ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз дар зери тағйироти бошиддате қарор дорад, вале он ҳам ошкор аст, ки ҳанӯз ҳам ҷомеаи мо "ҷомеаи ғайринизомӣ" (civil society) нест ва қобили он нест, ки барои манфиъати хеш бо роҳи маданӣ мубориза барад. Вале таҷориби дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ ба монанди Укроин ва Гурҷистон нишон медиҳад, ки "мо ҳама дар он ҷо хоҳем буд". Тӯраҷонзода шахсиятест барои он вақту мавқеъ, на барои ҳозир - шахсан ман бо гуфти ӯ сад фоиз мувофиқам. Ҳамзамон бояд зикр кард, ки вуҷуди чунин шахсе илҳоме, раҳнамоест барои насли нави зиёиёни тоҷик ва мо аз будани ӯ фахр дорем.
Абдусалом Одиназода,
шахри Перт, Остролиё

-------------------------------------------

Ин сӯҳбате хеле хуб аст ва Акбар Тураҷонзода ба таври дипломатӣ ва бофарҳангона ҷавоб гуфтааст. Бале, имрӯз номзади оянда барои ишғоли вазифаи президенти кишвар танҳо Раҳмонов аст. Чи тавре ки набошад ӯ имрӯз худро ҳамчун номзади арзанда ба мардум нишон медиҳад. Намояндагони дигар ҳизбҳои сиёсӣ бояд номзадҳои худро пешниҳод кунанд, аммо аз онҳо на пай ҳасту на ҳайдар. Ҳизбҳои сиёсӣ танхо лоф мезананд, мисли кудакон эркагӣ мекунанд, шикоят карданро дӯст медоранд. Дар асл ё амалия бошад, аз дасти онҳо коре намеояд. Шояд, ки онҳо сиёсатро дуруст нафаҳманд ё ҳуқуқи худро ҳимоя карда наметавонанд.

Роҷеъ ба интихоби як шахси рӯҳонӣ ба мансаби президентӣ бошад, ман ба гуфтаҳои ҷаноби Тӯрачонзода сад дар сад розӣ ҳастам. Имрӯз на ҷомеаи Тоҷикистон ба қабули шахси рӯҳони омода аст, на ҷомеаи ҷахон ва на минтақа. Имрӯз рӯҳониён, аз ҷумла мусулмононро ба терроризм вобаста мекунанд ва кишварҳои ғарбӣ барои қабули як "террорист" ҳамчун президент розӣ нестанд.

Ростӣ, ман ба ҷаноби Тӯраҷонзода эҳтироми зиёд дорам. Эшон як нафар олими арзанда ҳастанд ва сиёсатро дуруст мефаҳманд. Бубинед, ки ӯ низ то андозае розӣ нест то як нафар рӯҳони президент бошад. Ӯ бештар дар бораи мардум ва ободии кишвар фикр мекунад, ки ин оқилона мебошад. Бале, имрӯз танҳо атеистон ва душманони миллати тоҷик Раҳмоновро дар ҳукумат иҳота кардаанд. Шояд рӯзе фаро мерасад ва Раҳмонов ҳамаи ин чизро дарк хоҳад кард. Шояд замоне фаро расад ва Раҳмонов шахсони босавод ва дилсӯзи миллатро ба атрофи худ ҷамъ кунад.

Бо эҳтиром,
Насим
---------------------------------------------

Салом. Ман дар симои Тӯраҷонзода як шахсияти мансабталаб ва беэътимодро мебинам, ки бо ӯ дар арсаи сиёсат қадам ниҳодан қатъиян мумкин нест, зеро ҳар лаҳза метавонад дар нимароҳ туро партофта ҳаракати худро ба дигар тараф равона созад. Чуноне ки ҳамаи мо шоҳиди он шудем.
Муҳаммад
---------------------------------------------

Хело ҳам хуб суол ба миён гузошта шудааст. Дар Тоҷикистон фикру андешаро низ харида мешавад. Устод Тӯраҷонзода баъд аз ба сари мансаб омаданаш тамоман дигар шуд. Албатта, он хархашаҳое, ки бо Ҳукумати кунунӣ дошт, барои мансаб буд. Ман фикр мекунам, ки ягон ваъдаро аз даҳони Калон шунид.
Даврон
---------------------------------------------

Ман аз сухани Мирзокарим мутаҳайирам, ки мегӯяд, Тӯраҷонзода ҳеч гоҳ хато намекунад. Ва ман ба бародари муҳтарам мегӯям, ки ҳамаи инсонҳо ба хато роҳ медиҳанд, аз он ҷумла Тӯраҷонзода...
Салимҷон
---------------------------------------------

Ба номи Худо. Банда ба изҳори назари бародар Абдулваҳҳоби Салимшоҳ дар мавриди Акбари Тӯраҷонзода таваҷҷуҳ кардам... Масалан, ӯ мегӯяд: Фарди танҳо ҳамеша саъй мекунад ба қавитар бипайвандад.Ман аз Салимшоҳ суол мекунам, ки оё Тӯраҷонзода наметавонист ба Худо бипайвандад, чун Худо аз ҳама қавитар аст?.. Бо ташаккур
Муҳаммади Хушбахт
---------------------------------------------

Ҷаноби Тӯраҷонзода реалист аст. Дар қиёс бо ӯ ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ки камаш 50 нафаре ҳаст, ки метавонанд президенти Тоҷикистон бошанд ва худаш дар навбати аввал мегӯяд, агар ҳизб ӯро пешбарӣ кунад, як дархосташро ба миён хоҳад гузошт, то дар интихобот иштирок накунад. Зойиров мегӯяд, агар саломатияш имкон диҳад, иштирок мекунад. Ҳоло бигӯед, ки куҷо шуд он 50 нафар? Ва онҳое, ки бо истифода аз фурсат Тӯраҷонзодаро таъна мекунанд ва тарсу меноманду худ аз навиштани номи хеш метарсанд, чаро садо баланд намекунанд ва ё номи ягон хеши худро намегиранд, ки ба фикри онҳо лаёқати раёсати ҷумҳурӣ дошта бошад? Ба фикри ман, Тӯраҷонзода ҷасурона чизеро гуфт, ки дигарон метарсанд иқрор шаванд. Маънии гапи ӯ ин аст, ки ба ин халқ аз Раҳмонов дида беҳтар президенте нест. Ва лутфан, ширкаткунандагони баҳс бояд шахсонро, касе ҳам ки бошад, эҳтиром кунанд ва на ба шахс, балки ба андешаи ӯ баҳо диҳанд. Ин сомона то рафт ба дашномхонаи машҳури ЦентразияРу монанд шуда истодааст.
Муҳсини Ҷаббориён
---------------------------------------------

Банда як шоҳиди суханрониҳои зиёди Акбари Тӯранҷонзода будам, албатта, дар даврони қабл аз Оштии Миллӣ. Дар як ҷумла аз тамоми суханони ин ҷаноб метавонам бигӯям, ки ин шахсияте нест, ки ақидаи собитеро дунбол кунад. Ҳамчунин дар тамоми даврон аз умри сиёсиаш фақат ва фақат дунболи манфиъати худ буда ва ҳамеша онҳоеро, ки ба ӯ эътимод ва эътиқод доштанд, пушти по зада...
Шунавандаи Шумо
---------------------------------------------

Cалом! Ман ба устод Тӯраҷонзода бовар дорам, чунки устод ҳеч гоҳ хато нахоҳанд кард.
Мирзокарим
---------------------------------------------

Ин бешак нишони тарсӯии ин шахс мебошад..., ба хотири манфиати худ.
Манучеҳр
---------------------------------------------

Ман аз суханони бародарон хеле мутаассифам, ки онҳо як шахсро қабул доранд ва бидуни чуну чаро аз ақоиди ӯ ҳимоят мекунанд. Ман агар ҷои Тураҷонзода будам, ҳадди ақалл бетараф мемондам. Ӯ ҷаръати ҳақ гуфтанро надорад. Яке аз вижагиҳои раҳбарию сиёсатмадорӣ шуҷоат, хирадмандӣ ва тавоноист.
Бо эҳтиром Ҷамшед
---------------------------------------------

Салом! Ба ақидаи ман ҷонибдории Тураҷонзода аз раиси ҷумҳури феълӣ аз сабаби тарси ӯ мебошад. Зеро ҳукумати Раҳмонов метавонад ӯро бо ҷурми кумак ба собиқ фармондеҳони мухолифин Мансур Муаккалов ва Раҳмон (Ҳитлер) ба маҳкама бикашад. Инчунин ӯ мехоҳад худро аз Наҳзати Исломи Тоҷикистон ҷудо намояд, гӯё ӯ як шахсияти ИСЛОМӢ нест. Вале ӯ дар Тоҷикистон то 50 соли дигар ҳамчун шахсияти сиёсӣ шинохта нахоҳад шуд, зеро ӯ ба хатоҳои сиёсии ҷиддӣ роҳ дода, худашро дар назди мардум беэътибор намудааст.
Комили Шариф
---------------------------------------------

Бешак устод Тураҷонзода яке аз чеҳраҳои шинохтаи исломӣ ва сиёсӣ дар кишвар ва хориҷ аз он мансуб мешавад. Ба фикри ман ҳимояти устод Тураҷонзода аз бақои президент Эмомалӣ Раҳмонов дар мақоми раёсатҷумҳурӣ чанд вуҷудот дорад. Аввалан, ӯ аллакай дарк кардааст, ки ҳизби ҳоким барандаи интихоботи оянда хоҳад шуд. Пас, чӣ фоида аз ҳимоят накардан?
Дувум ин, ки ӯ як шахсияти танҳо дар кишвар ба назар мерасад. Фарди танҳо ҳамеша саъй мекунад ба қавитар бипайвандад, то дар ҳукумат мақоми худро ҳифз кунад. Пас, тасмимгирии устод Тураҷонзода як тасмимгирии мантиқӣ ва ба ҷост.
Абдулваҳҳоби Салимшоҳ
---------------------------------------------

Салом! Акбар Тураҷонзода-сиёсатмадори барҷаста, доно, зирак, дурандеш ва донишманди шинохта мебошад. Он кас, фикр мекунам, ба дараҷаи кофӣ аз дасисаҳои пасипардагии дарборӣ ва таносуби қувваҳои воқеъии сиёсӣ дар ҷумҳурӣ бохабар аст.Вақте ки ҷаноби Тураҷонзода чунин ақида меронад, пас барои ин асос низ дорад.
Маҳмадраҳим
---------------------------------------------

Раҳмонов бо ҳама чиҳатҳои мусбат ва манфиаш яке аз авомили муҳими истиқрор дар кишвар аст ва набояд фаромӯш кард, ки гурӯҳҳои сиёсии мо то ба он дараҷа такомул наёфтаанд, ки тавонанд ҳамдигарро таҳаммул кунанд ва боиси аз байн бурдани назму субот нагарданд. Мо набояд интихоботи Набиевро фаромӯш кунем. Бетаҷрбагии гурӯҳҳои сиёсии кишвар ба сари мардуми бечора чӣ фалокатеро бор кард. Шояд оқои Тураҷонзода аз он сабаб пуштибони бақои Раҳмонов бошад, ки намехоҳад хатоҳои солҳои 90-ум дубора такрор шавад.
Сулаймон
---------------------------------------------

Дуруд! Саволи хеле хуб. Бовар мекунед, ки Тоҷикистон фақат як сиёсатмадори хуб дорад? Алабатта, не. Ягона сиёсатмадор Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода аст, ки метавонад то охир кор кунад. Воқеан ҳам мавқеи сиёсатмадоронро
фаҳмидан душвор аст. Тураҷонзода низ аз ҳамин қабил одамон аст. Вай мехоҳад барои худ як "хол"-и дигар дарёфт намояд. Ҳалолаш бод!
Каюмарс

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG