Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Русия ба куҷо бештар маблағ интиқол медиҳанд?


Тоҷикистон дар феҳрести кишварҳое, ки аз Русия маболиғ интиқол медиҳанд, дар мақоми севвум қарор дорад.


Ба иттилоъи Бонки миллии Русия, ҳаҷми интиқоли маболиғ аз ин кишвар ба хориҷ аз сӯи афроди ҳақиқӣ дар семоҳаи дуввуми соли равон тақрибан як милёрду сесад милюн дулорро ташкил дода ва аз ҷумла, 187 милюн дулор ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Ин маблағ тақрибан 15 дарсад аз ҳаҷми умумии ҳаволаҳои молӣ аз Русияро ташкил додааст.


Бештар аз ҳама аз Русия ба Узбакистон ва Укроин (ҳарду 210 милюндулорӣ) маблағ интиқол додаанд. Мақомҳои баъд аз Тоҷикистон дар ин феҳрест низ насиби кишварҳои Шуравии собиқ - Арманистон ($129 млн), Мулдовӣ ( $115 млн) ва Қирғизистон ($102 млн) шудааст. Дар маҷмӯъ, навад дарсади маблағе, ки аз Русия берун меравад, ба кишварҳои Шуравии пешин интиқол меёбад.
XS
SM
MD
LG