Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сомон" ва "Меҳан" ба ҳам меоянд


Мирзо Мастонгулов афзудааст, ки, тибқи тавофуқи пешакӣ, дар марҳалаи аввал ҷониби Ирон ҳавопаймоҳои худро дар ихтиёри ширкати муштарак хоҳад гузошт. "Барои оғози кор мо комилан омодаем, гуфтааст ҷаноби Мастонгулов, ҳам сарнишинон ва ҳам кормандони техникӣ таҷрибаи кофии кор доранд. Парвози ҳапопаймоҳои ширкати муштарак аз фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд сурат мегирад". Мирзо Мастонгулов ҳамчунин изҳор намудааст, ки ширкати ҷадид фақат аз ҳавопаймоҳои сохти кишварҳои Ғарб истифода хоҳад кард, зеро онҳо аз ҷиҳати техникӣ аз ҳавопаймои Ту 154-и сохти Русия бартарӣ доранд. Интизор меравад, ширкати Меҳан Айр, аз ҷумла, як ҳавопаймои AIRBUS 310-ро дар ихтиёри ширкати Сомон Айр гузорад. Ҳавопаймоҳои ширкати ҷадид ба Ирон, Аморати муттаҳидаи Араб, Афғонистон ва чанд шаҳри Русия парвоз хоҳад кард.
Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ширкати иронии Меҳан ба ҷуз фаъолияти ҳавонавардӣ, ҳамроҳ бо ширкати DAEWOO-и Куриёи Ҷанубӣ мошин ҳам тавлид мекунад.
XS
SM
MD
LG