Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тураҷонзода ба Раҳмонов райъ хоҳад дод


Акбари Тураҷонзода, узви Маҷлиси Миллӣ ва муъовини аввали собиқи нахуствазири Тоҷикистон сару садоҳо дар мавриди имкони раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) интихоб шуданашро такзиб кард. Дар сӯҳбат бо хабаргузориҳои маҳаллӣ ӯ гуфт, ки ҳеҷ гоҳ узви Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон набуд ва хоҳиши узвият дар онро надорад.


Ба суол дар робита ба сарвари ҷадиди Ҳизби Наҳзати Ислом баъд аз сари Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ӯ посух дод, ки ин кори дохилиҳизбист ва муҳим он аст, ки фаъолияти ҲНИТ дар чаҳорчӯби Қонуни асосии Тоҷикистон сурат бигирад.


Акбари Тураҷонзода ҳамчунин гуфт, ки номзадияшро ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешбарӣ карданӣ нест. Аз нигоҳи ӯ, боз даҳсолаҳо нафаре аз афроди мазҳабӣ имкони сарвари кишвар шуданро надорад. Ҷаноби Тураҷонзода иброз дошт, ки ӯ аз фаъолияти ҳукумати феълии кишвар ҷонибдорӣ мекунад ва дар интихоботи қарибулвуқуъи президентӣ аз номзадии Эмомалӣ Раҳмонов пуштибонӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG