Пайвандҳои дастрасӣ

Неъматулло Асронқулов - барандаи медоли биринҷии Ҷоми ҷаҳон


Неъматулло Асронқулов, гуштигири мумтози тоҷик дар марҳалаи навбатии Ҷоми ҷаҳонӣ дар риштаи гуштии дзюдо дар шаҳри Боку барандаи медоли биринҷӣ гардид.

Қувваозмоиҳо бо ширкати варзишкорони 12 кишвари ҷаҳон дар Кохи варзишию фарҳангии ба номи Ҳайдар Алиев доир гашт. Паҳлавони маъруфи тоҷик Неъматулло Асронқулов дар қувваозмоӣ барои мақоми севвум дар вазни зери 90 кило бар рақиби худ аз тими Озарбойҷон дастболо шуд. Ду ҷойи аввалро дар ин вазн гуштигирони Гурҷистон касб карданд.
Ва як хабар барои ҳаводорони гуштии самбо. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадшариф Сулаймонов барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё рӯзи 30 август озими Қирғизистон шуд. Маҳмуди Абдуллоҳ, Дабири кулли Федератсиюни гуштии самбои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқот аз 2 то 5 сентябр дар шаҳри Бишкек бо ширкати зӯртарин гуштигирон аз кишварҳои қора, аз ҷумла, Ҷопон, Муғулистон, Куриёи Шимолӣ, Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад. Вай афзуд, ба ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон беҳтарин гуштигирони кишвар - қаҳрамони Осиё дар соли 2005 Алишер Азимов, барандагони ҷоизаҳои мусобиқоти пешин Санҷар Сарфарозов, Зиёратшоҳ Баротов ва Далер Мусофиров шомиланд.
XS
SM
MD
LG