Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хатнаи мардон. Як пора пӯст беҳ ва ё ҷон?


Канада Гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ аз Торонто Сарфи назар аз он ки муассирияти хатна дар роҳи коҳиш додани хатари гирифторӣ ба СПИД ҳадди ақал ҳанӯз як сол пеш маълум шуд, ҳоло ҳам афроде зидди таблиғи сартосарии хатна миёни мардон дар куллия манотиқи ҷаҳон садо баланд мекунанд.

Хатнаи мардон дар ҳамоиши 16 - умини ҷаҳонии мубориза бар зидди СПИД, ки ахиран дар шаҳри Торонтои Канада баргузор шуд, яке аз мавзӯъҳои аслӣ буд. Дар баҳсҳои вижае, ки сари ин мавзӯъ доир мешуд, ақоид мухталиф буд ва сарфи назар аз он ки пажӯҳишҳои мустақил муассирияти хатна дар мубориза бар зидди СПИД-ро исбот кардаанд, афроде зидди шомил кардани хатна бар феҳраси роҳҳои муаассири пешгирӣ аз гирифторӣ ба СПИД баромад мекарданд.

Онҳо мегуфтанд, хатна барои мардон дарднок аст ва ҳам нашояд онро дар ҷомеаҳое, ки дар фарҳангашон хатнаи мардон роиҷ нест ва ин таҷрибаро надоранд, тарғиб кард.

Воқеан, Билл Клинтон, раиси ҷумҳури собиқи Амрико, ки дар як рӯзи кории ин ҳамоиш ширкат дошт, ҷонибдори хатна будани худро изҳор намуд.


Пажӯҳишгарон чӣ мегӯянд?

Ёздаҳ пажӯҳиши мустақил дар Африқо исбот кардааст, ки хатна эҳтимоли гирифторӣ ба СПИД-ро 50-60 маротиб коҳиш медодааст. Аммо садоҳое ҳам баланд мешуд, ки хатна дар ҷомеаҳое, ки боре ҳам онро таҷруба накардаанд, ба кундӣ пиёда ва қабул хоҳад шуд.

Вале тарафдорони хатна ба омори пажӯҳишот такя мекарданд, ки мувофиқи он омор 50 дар сади мардони пурсидашуда дар 9 кишвари африқое, ки хатна берун аз фарҳангашон аст, розӣ будаанд, ки хатна бишаванд. Роберт Бейлӣ, пажӯҳишгар аз Донишгоҳи Иллинойси Чикаго, ки дар Кения фаъолият бурдааст, гуфт, 99 фоизи мардони хатнашуда дар ин кишвари африқоӣ аз хатнаи худ розӣ ва қонеъ мебошанд. Тадқиқот нигаронӣ аз тағйири рафтори ҷинсӣ пас аз хатнаро ҳам барҳам зада ва нишон додааст, ки рафтори ҷинсӣ аз хатна шудан ва ё нашудан вобастагӣ надорад.

Ричард Фичем, раҳбари Бунёди ҷаҳонии мубориза бар зидди СПИД гуфтааст, ҳамакнун муносибати волидон ба хатнаи писаронашон бояд тағйир биёбад. Бино бар гуфтаи ҷаноби Фичем, ки ҳарфҳояшро дар саҳафоти рӯзномаи Индепендент мехонем, ба ҷои хатнаро чун таҳқири ҷинси мард талаққӣ кардан, бояд ба он чун ба як ҳадяе аз боло нигарист.

Пажӯҳишгарон ҳисоб кардаанд, ки агар ҳамаи мардони ҷануби Сахараи Африқо хатна бишаванд, ин амал боиси ҷилавгирӣ аз 6 миллион ҳодисаи нави гирифторӣ ба СПИД шуда ҳаёти се миллион нафарро наҷот мебахшад.

Ва дар ҳамин ҳол, Дебора Ҷек, сарвари Бунёди миллии бритониёвии мубориза алайҳи СПИД гуфтааст, набояд аз хатна чун аз василаи алтернативи лифофа тарғиб шавад.

Роҳи наҷот дар дасти занҳост?

Дар ҳамин ҳол, Билл Гейтс, яке аз раҳбарони Бунёди Гейтсҳо, ки дар ҳамоиши Торонто ширкат дошт, ба дасти занҳо вогузоштани имкони эминдориро яке аз калидҳои пирӯзӣ бар вабо номид. Бунёди сарватмандтарин одами ҷаҳон ахиран қариб 300 млн доллар ихтисос дод барои ихтироъ ва коркарди адвия ва дармоне, ки занҳо бо истифодаи он қабл аз робитаи ҷинсӣ тавонанд, худашонро эҳтиёт кунанд. Ҷаноби Гейтс гуфт, зан набояд пойбанди майли мард барои эҳтиёт кардан ва ё накардан бошад.

Ҳамоиши 16-умини ҷаҳонии СПИД, ки дар Торонто баргузор шуд, тақрибан 25.000 нафарро аз саросари ҷаҳон гирд овард ва он бузургтарин ҳамоише талаққӣ шуд, ки дар бастагӣ ба ин мушкили рақами яки ҷаҳон доир шудааст. Мубтакирони он гуфтанд, дар ин ҳамоиш тамоми ҷанбаҳои ин вабо бо заррабин дида шуд ва талошҳое шуд, то бо дурбин ба оянда бингаранд, ки башариятро чӣ интизор аст.

Ва аммо имрӯз...

Имрӯз теъдоди гирифторони вабои ҳанӯз ҳам бедаво беш аз 40 миллион нафар будаанд. Даҳ миллиони ин рақамро ҷавонони аз 15 то 24 сола ташкил медодаанд. Танҳо дар соли 2005 тақрибан се миллион нафар аз СПИД ва амрози ношӣ аз он ҷони худро аз даст додаанд. Шаст фоизи беморон аз шумори умумӣ дар минтақаи Сахараи Африқо ба сар мебурдаанд ва ҳол он ки бечора мардуми ин минтақа ҳамагӣ 10 фоизи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. 75 дар сади маризони ин минтақа занҳои аз 15-24 сола будаанд.

Мувофиқи арқоми доктор Стив Краус, раҳбари бахши мубориза бо СПИД-и Бунёди аҳолии Созмони Милал, ҳар шаш сония як одам гирифтори ВИЧ-СПИД мешудааст ва ҳар даҳ сония ин маризӣ ҷони як нафарро дармерабудааст. Ин рақамро агар ба 24 соат зарб занем, ҳосил ин мешавад, ки ҳар шабонарӯз 11.200 одам гирифтори СПИД мешавад ва 6.000 нафар аз ин шумор аз 15 то 24 сол доштаанд. Ҳар шабонарӯз 8.000 нафар аз СПИД ва амрози ношӣ аз он ба дунёи ҳастӣ падруд мегӯянд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG