Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳафт ҷилди ситоиш аз президент Раҳмонов


Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов ҳамзамон ҳафт китоб ба нашр расонд. Яке аз онҳо, ки асосан аз аксҳои ранга ва матни тоҷикию русию инглисӣ иборат аст, "Эмомалӣ Раҳмонов -- президент мо!" ном дошта, дар шаш китоби дигар аз нақши Раҳмонов дар ҳаёти ҷумҳурӣ ҳикоят мешавад. Дар номи ин китобҳо ҷаноби Раҳмонов наҷотбахши миллат, поягузори сулҳу ваҳдат, таҳкимбахши истиқлолияти кишвар ва оғозгари марҳилаи созандагӣ унвон шудааст. Нашри китобҳо дар арафаи ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон ҳамчунин метавонад, маводи таблиғотӣ дар интихоботи президентии моҳи ноябр шумурда шавад. Муаллифони китобҳо кормандон дафтари матбуот ва котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошанд. Баробари ин китобҳо румони ду нависандаи тоҷик низ чоп шудааст, ки бар пояи китоби худи Раҳмонов "Тоҷикон дар оинаи таърих" иншо шудааст.
XS
SM
MD
LG