Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷанги мансаб дар Тоҷикистон


КӢ ВА ЧАРО БА ДУМБОЛИ МАНСАБ АСТ?

Як шиноси ман интизор аст, ки ба зудӣ мансаби баланде хоҳад гирифт. Мегӯяд, бубин, ин ҳамсоли мо ҳоло сафири кишвар, он шарикдарси мо -- раиси ноҳия ва ана инаш, ки то дирӯз дар бозор ҳамроҳ латта-путта мефурӯхтем, вазир, дигараш мудир ва ғайра шудаанд, ман аз кӣ кам, вақти ман ҳам расидааст. Гуфтамаш, оё рисолати бузурги касби журналистиро чӣ гуна мешавад, бо номи начандон неки мансабдори давлат иваз кард? Гуфт, хеле тапидему ҷумбидем, вақти он расидааст, ки каме сарват ҳам ба даст орем ва истироҳат ҳам кунем.
Пас мансаб сарват ва истироҳат будааст? Оё масъулияти вазъи феълии кишвар бар дӯшат намеафтад? Посух ба ин пурсиши ман бесадо, балки бо ҳаракат буд. Ҳаракати даст. Афшондани даст. Ҳе, бирав, бихӯр, бигард...
Вале оё мансаб чист ва имрӯз дар кишвари мо чӣ маъние дорад? Бо ин савол ҳамнафаси мо, Нилуфари Собир ба намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон муроҷиат кард ва инак, посухи онҳо:

Мӯсо Асозода (Ҳизби халқию демократии Тоҷикистон):
"Шахсоне ҳастанд дорои интеллекти баланд, аммо барои онҳо мансаб зарурат надорад. Бисёре аз онҳо хоҳиш мекунанд, ки андеша ва пешниҳодашон барои пешрафти ҷомеъа аз тарафи мансабдорон дар амал татбиқ шавад, вале худашон ба ҳеч ваҷҳ намехоҳанд, дар курсии мансаб нишинанд. Пас на ҳамеша лаёқати фикрӣ бо лаёқати мансабдорӣ мусовист."

Муҳиддини Кабирӣ (Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон):
"Аз нигоҳи ман, мансаб ин як василаи амалӣ кардани аҳдофи сиёсии ин ё он сиёсатмадор аст, на бештар аз ин. Дар ин ҳол таъвам донистани вожаҳои "сиёсатмадор" ва "мансаб" хатост. Мо бояд байни ин ду вожа фарқият қойил бошем ва зарур нест, ки ҳар як сиёсатмадор мансабдор бошад ва ё баракс."

Раҷаби Мирзо (Ҳизби демократи Тоҷикистон):
"Мансабдор, ба фикри ман, пеш аз ҳама бояд як шахсияти фавқулоддае бошад, ки нисбат ба дигарон бартариҳо дошта бошад. Ва ҳатман қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва иҷрои корҳо, ба субут расондани онҳоро низ дошта бошад."

Шокирҷон Ҳакимов (Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон):
"Мансабдор бояд боимон, бовиждон, босуботу пайгир, худогоҳу худшинос бошад ва ватандориро як масъулияти баланд шуморад ва тоҷикпараст бошад."

ДОДОҶОНИ АТОВУЛЛО МАНСАБРО РАД КАРДА БУД

Он воқеъаи фавқулодда, ки дар аввал гуфтем, ҳоло вақти баёнаш нарасидааст ва биноан гуфторро давом медиҳем, бо як ҳамсӯҳбати ошно. Додоҷони Атовулло, сардабири нашрияи "Чароғи рӯз" меҳмони телефонии мост ва аз ӯ мепурсам, оё имрӯз дар Тоҷикистон мансаби давлатӣ чӣ маънӣ дорад?

Додоҷони Атовулло: "Агар ошкоро гӯем мансаб дар Тоҷикистон имрӯз на ба хотири хизмат ба халқ ё идея аст, балки ба хотири манфиати шахсӣ. Одамон ҳатто пораи калон медиҳанд, то ба мансаб расанд. Чаро? Барои он ки бо истифода аз мансаб метавонанд, бо бизнес машғул шаванд, ба хешу табор ёрдам кунанд, ришва гиранд ва зиндагии хуб дошта бошанд."

Ба Шумо ҳам ҳукумати Тоҷикистон мансаб пешниҳод карда буд, аммо гӯё Шумо рад кардед. Агар ин хабар ҳақиқат дорад, ба кадом сабаб аз қабули мансаб даст кашидед?

Додоҷони Атовулло: "Аввал ин ки ман худамро як журналисти қаторӣ меҳисобам. Ман худро дар ягон касби дигар тасаввур карда наметавонам. Ва чизи дигар ин аст, ки агар ман ба он мансаб розӣ мешудам, моҳонаи он 60 доллар буд. Ман ҳоло барои як мақола метавонам 100, 200 ё агар хуб навишта шавад, то 1000 доллар гирам. Аҷобати шароити Тоҷикистон дар он аст, ки кас фақат ба хотири манфиат ба думболи мансаб меравад. Вале ҳамзамон ман тарафдори он ҳастам, ки мансабдорони давлат на танҳо моҳонаҳои бисёр баланд гиранд, балки имтиёзҳои зиёди расмӣ дошта бошанд, то ки аз ришва даст кашанд. Ва ҳамаи ин бояд қонунӣ бошад. Дар Тоҷикистон, афсӯс ки ин тавр нест ва барои ҳамин ҳеч пешрафте ҳам намебинем. Аз тарафи дигар мансабдорон дар Тоҷикистон на аз рӯи конкурсу озмун, балки бештар ба хотири зодгоҳ ё пораи бузург ва ё садоқати шахсӣ интихоб мешаванд. Вагарна дар кадом кишвари дунё шумо дидаед, ки як нафаре ки маълумоти олӣ надорад, мансаби баланд гирад. Дар кадом кишвар дидаед, ки одам на ба тоҷикӣ ва на ба русӣ ақаллан даҳ ҷумлаи беғалат навиштан он сӯ истад, гуфтан наметавонад, раҳбар мебошад?"

Хуб, бо мо бимонед, ин сӯҳбатро ҳамроҳ бо барнома давом хоҳем дод вале ҳоло меравем ба бахши дигари он.

ТАРКИ МАНСАБ -- АМРИ САВОБ?

Охири моҳи июл тибқи хабаре дар сафҳаи интернетии президенти Тоҷикистон, Маҳмуд Қосимов, ноиби аввали вазири шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бо хоҳиши худ аз ин мақом истеъфо дод. Гузашта аз ин вай изҳор кард, ки дигар ба хидмати давлатӣ барнамегардад. Он рӯзҳо ман дар Душанбе будам ва медидам, ки бисёр касон ин хабарро бо таассуф мешуниданд. Онҳо мегуфтанд, Қосимов яке аз беҳтарин кадрҳои ҳукумати Тоҷикистон аст ва агар вай аз вазифа даст кашида бошад, пас натавонистааст, лаёқати худро дар ин ҳукумат ба кор барад.
Худи Қосимов дар сӯҳбат бо коромӯзи мо Инобати Икром аз шаҳри комили истеъфои хеш худдорӣ кард, вале аз лаҳни гуфтораш пайдост, ки ба чунин иқдом маҷбур шудааст. То ӯ мо фақат ду намунаи дигари истеъфои довталабона дар шароити осоиштаро доштем. Яке истеъфои Отахон Латифӣ аз мақоми ноиби сарвазири Тоҷикистон ва дигаре истеъфои Раҳматулло Зойиров аз вазифаи мушовири президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳуқуқ ва адлия.

ПАЁМИ РАҲГУЗАРОН БА ФАРЗАНДОНИ МАНСАБ

-- Мансабдорон дар боло нишастаанду аз поён хабар надоранд. Бо мошинҳои хизматӣ мераванду меоянд, аммо намедонад, ҳоли халқ чист.
-- Онҳо ҳам бояд ба қонун итоат кунанд. Қонун танҳо барои шаҳрвандони оддӣ навишта нашудааст. Ва қонун аз онҳо иҷрои пурраи масъулиятҳояшонро талаб мекунад.
-- Аз мансабдорон хоҳиши ман ин аст, ки камака худашонро ҳурмат кунанд. Бинанд, ки мардум чӣ хел зиндагӣ мекунад. Ба кӯча бароянд. Барои ин ба хориҷа рафтан шарҳ нест. Бо забони модарии худ дуруст ҳарф заданро омӯзанд.
-- Ба назари ман, касе ки аз ӯҳдаи кор намебарояд, бояд ҷойро холӣ кунад. Тамом! Агар онҳо хуб кор мекарданд, ин қадар ҷавонону мардони мо дар Русия саргардон намебуданд.
-- Ҳалли мушкилиҳо мо танҳо ба мансабдорон вобаста нест. Бисёр мансабдороне ҳастанд, ки ба мардум ва ватан хизмати хуб мекунанд. Набояд ҳамаро яксара бад гуфт.
-- Ман аз онҳо фақат як чиз мехоҳам, агар хизматгори халқанд, аз рӯи адлу инсоф кор кунанд.

МАКТАБИ МАНСАБУ ВАЗИФАДОРӢ

Ва баргардем ба сӯҳбат бо Додоҷони Атовулло, сардабири нашрияи "Чароғи рӯз". Саволи дигар ин аст, ки оё ба назари Шумо, дар Тоҷикистон ягон мактаби тарбияи мансабдорони давлат мавҷуд аст?

Додоҷони Атовулло: "Беҳтарин донишгоҳу академияи мансаб дар Тоҷикистон ин зодаи Данғара, яъне ноҳияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон будан аст. Агар ту аз Данғара бошӣ, барои ту ҳамаи дарҳо кушодаанд, дар ҳар куҷо метавонӣ кор кунӣ. Ё аз Данғара бошӣ ё аз ноҳияҳои атрофи Данғара бошӣ.

Худи Шумо аз дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ёд кардед. Ба назар намерасад, бисёриҳо аввал муддате дар ин ҷо кор мекунанд ва сипас ба мансабҳои баланд фиристода мешаванд?

Додоҷони Атовулло: "Не, аслан ин муҳим ҳам нест. Ман вақте ки мактаби Данғара мегӯям, ин ба истилоҳ талх гуфтан аст. Мақсад ин ки ягона меъёр ин садоқати шахсист. Ва худи оқои Раҳмонов на танқидро дӯст медорад ва на бо дигарон маслиҳат мекунад ва худро дараҷаи охирини ҳақиқат мешуморад. Онҳое ки дар дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ кор кардаанд, мегӯянд, на дар ин ҷо ва ҳатто на дар парламент, ҳангоми баррасии масъалаҳои муҳимтарин як кас ҳам фикри зид намегӯяд. Ҳар чизе ки эшон мегӯянд, ҳамон мешавад."

Аммо гуфта мешавад, агар боз ҳам ҷаноби Раҳмонов дар интихобот пирӯз шавад, ин бор як тағйири бунёдӣ мекунад ва ҳукумати корову технократ месозад ва...

Додоҷони Атовулло: "Ин гапҳо сари ҳар чанд вақт, махсусан дар арафаи интихобот пайдо мешаванд, ки ана ин дафъа навоварӣ мешавад, профессионалҳо меоянд, технократҳо меоянд...Не, аз 10 ё 15 сол ба ин сӯ бадтар шудаасту беҳтар не. Ҳоло боз як тамоюли нав пайдо шудааст, ки президент кормандони давраи шӯравиро "кадрҳои кӯҳаншуда" меномад ва мехоҳад, аз онҳо ҳам даст шӯяд. Қатъи назар аз он ки муносибати мо ба давраи шӯравӣ чи гунааст, бояд эътироф кард, ки кадрҳои он давра аз ҳамаи зинаҳо мегузаштанд, таҷриба меандӯхтанд, озмуда мешуданд ва аксарияти онҳо арзиши худро ба хубӣ нишон додааст. Агар онҳо ҳам ронда шаванд, ман намедонам, чӣ ҳолате ба миён меояд. Аз сӯи дигар худи президент чӣ ибрат нишон медиҳад, вақте ки бо ҳар роҳу васила талош дорад, боз 7 соли дигар ё то охири умраш дар сари қудрат бимонад. Барои ин конститутсия иваз карда мешавад, қонунҳо тағйир меёбанд. Ин худ як аломати нек нест ва мансабдорони дигар аз ин амал чӣ сабақе мегиранд? Дар чунин ҳол аз кадом мактаб метавон гап зад. Шояд фақат аз мактаби коррупсия ва ба рӯи боми худ кашидани барф."

Хуб, хуб, ташаккур, барои ин сӯҳбат, ҳоло кӯшиш мекунем, ба баъзе аз гуфтаҳои шумо дар Душанбе посух пайдо кунем.

ХУЛОСАИ МАНСАБДОРОН ВА КОРШИНОСОН

То ин ҷо аз барнома чизҳои зиёде гуфта шуд, ҳам нек ва ҳам начандон нек. Ҳоло бо ҳамнафаси мо Раҳматкарими Давлат аз мансабдорон ва коршиносон бишнавем, ки оё дар асл вазъ чигунааст? Вай мегӯяд: "Мансабдорони собиқ ва ҳозири Тоҷикистон роҷеъ ба мансаб ва мансабдорӣ бо шеваи мухталиф изҳори назар мекунанд. Аммо сари як мавзӯъ, ки мансаб чизи бад аст ё нек, тақрибан назари яксон доранд.
Султон Мирзошоев яке аз чеҳраҳои матраҳ дар низоми сиёсат ва идораи ҳукумат дар Тоҷикистони бист соли охир аст. Вай қариб ҳамаи марҳалаҳои мансаб дар Тоҷикистонро тай кардааст. Солҳо вазири ҳукумат, раиси вилоят ё ба истилоҳи он давра котиби обком дар Кӯлоб, сафири Тоҷикистони шӯравӣ дар Маскав ва дар замони истиқлол раиси дастгоҳи президенти Тоҷикистон буд. Ӯ мегӯяд, расидан ба мансаб дар замони шӯравӣ кори мушкил буд, аммо бо ришва ҳал намешуд. Ҷаноби Мирзошоев мегӯяд, тӯли ин ҳама сол мансаб барои ӯ масъулияти азим будааст, то василаи комронӣ. Вай мегӯяд, мардум агар мансабдоронро танқид мекунад, ҳақ дорад, зеро онҳое ки моҳонаи мансабдорӣ мегиранд, бо ин моҳона ҳаргиз наметавонанд, хонаҳои баландошёна ва бошукӯҳ бино кунанд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ зимни Паёми солонааш бо хитоб ба вазирон ва аъзои ҳукумат гуфт, дар ҷодаҳои пойтахт ин ҳама қасрҳо ки мебинед, азони шумост. Маълум нест, инҳо вазиру раисанд ё соҳибкору бизнесмен.
Саймуддин Дӯстов, коршиноси тоҷик, мегӯяд, мансаби давлатӣ ба "корти сабзе" табдил ёфтааст, ки зиндагию тиҷорату сарватандӯзиро барои дорандаи он осон мекунад. Аммо Ҳақназари Ғойибназар, собиқ ноиби вазир мегӯяд, агар мансаб ба каси масъулиятшинос расад, хуб аст, зеро маънии хидмат ба миллат ва ватанро хоҳад дошт.
Аз Саймуддин Дӯстов мепурсам, талош барои мансаб дар ҷомеаи мо то кай идома хоҳад ёфт? Мегӯяд: "То замоне ки мардуми Тоҷикистон ин ҳамаро тоқат кунад."
Масъалае ки бисёр муҳим ва мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа мебошад, шеваи таъини ашхос ба мансабҳои давлатист. Дар замони шӯравӣ мансабдор марҳила ва мактабҳои гуногунеро тай мекард ва танҳо он вақт ба зинаҳои баланди мансаб мерасид. Агарчи барои мардум пӯшида буд, мақомоти ҳизбӣ дар интихоби кадрҳо ба меъёрҳои вижа таваҷҷӯҳ мекарданд. Вале акнун чунин нест ва бештар аз он ҳам, сарфи назар аз онки касе намедонад, раиси ноҳияаш бо чӣ васила ва усул раис шудааст, боз "интихобҳо"-и аҷибе низ мушоҳида мешавад. Охирин намунаи он ба муовинати Оҷонси зидди маводи мухаддир, ки як созмони сирфан низомист, таъин шудани як бонуи хабарнигори тоҷик аст, ки як соат ҳам пешинаи низомӣ надоштааст."

ОХИРСУХАН

Назари мансабдорон ва коршиносонро ба мансабу мансабдорӣ дар Тоҷикистони муосир дар гузориши ҳамнафаси мо Раҳматкарими Давлат шунидан хоҳед ва ё умуман ҳамаи барномаро ба ҷумлаи мусоҳиба бо Додоҷони Атовулло, лутфан рамзи баландгӯро дар паҳлуи сарлавҳа "ангушт" занед.
Вале ҳоло, дар поёни барнома, ман ба ду чиз фикр мекунам, ба орзуи дӯстам, ки интизори фармони таъинаш ба мансаби баланд аст ва ба истеъфои Маҳмуд Қосимов. Аммо бештар ба ҳамин истеъфои ихтиёрӣ фикр мекунам. Чаро кас бо хоҳиши худ аз чунин мансаб даст кашид? Ва бори дуввум. Ва бебозгашт...

Вобаста

XS
SM
MD
LG