Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои лағви эъдом аз Тоҷикистон


Федеросиюни Байнулмилалии Ҳуқуқи Башари Ҳелсинки ва Дафтари Ҳуқуқи Башар ва Ҳуқумати Қонун дар Тоҷикистон бо судури баёнияе муштарак аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки Прутукули ихтиёрии дуввум аз Паймони байнулмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсиро ба унвони як авлавият тасвиб кунад.

Аарон Роудз, мудири иҷроии Федеросиюни Ҳуқуқи Башари Ҳелсинки дар Вйен дар гуфтугӯе бо сомонаи интернетии ozodi.org дар бораи ин баёния гуфт:

"Ин бахше аз корзори мо дар саросари Осиёи Миёна ба ҷуз аз Туркманистон аст, ки ҳукми эъдом надорад. Федеросиюни Ҳуқуқи Башари Ҳелсинки дар канори шуморе аз созмонҳои дигар дар минтақа корзори муштараке ба роҳ андохтаанд, то Осиёи Миёна ба як минтақаи орӣ аз ҳукми эъдом табдил шавад."

Тоҷикистон соли 2004 иҷрои ҳукми эъдомро мутаваққиф кард ва қавл дод, ки дар сурати фаро расидани шароити мусоъид ҳукми эъдомро дар ин кишвар комилан лағв хоҳад кард. Аммо оқои Роудз мегӯяд, ки таълиқи ҳукми эъдом ба танҳоӣ кофӣ нест:

"Ин баёния дидори мо бо шуморе аз мақомоти тоҷик дар авоили тобистонро бозтоб медиҳад. Дар он дидор мо дар мавриди лағви ҳукми эъдом дар Тоҷикистон изҳори алоқа кардем. Дуруст аст, ки Тоҷикистон ҳукми эъдомро ба ҳолати таълиқ даровардааст, вале лағви ҳукми эъдом як чизи дигар аст. Мо мехоҳем, ки порлумон ва давлати Тоҷикистон ҳукми эъдомро комилан лағв кунанд."

Дар ҳоли ҳозир беш аз нисфи кишварҳои ҷаҳон ҳукми эъдомро лағв кардаанд ва аз ҷумлаи 56 кишвари узви Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо 46 кишвар дигар ҳукми эъдом надоранд. Аммо оё Федеросиюни Ҳуқуқи Башари Ҳелсинки то чи андоза умедвор аст, ки ин баёния дар миёни мақомоти Тоҷикистон гӯши шунавое пайдо хоҳад кард?

Аарон Роудз, мудири иҷроии Федеросиюни Ҳуқуқи Башари Ҳелсинки мегӯяд:

"Нишонаҳои ташвиқкунандае вуҷуд дорад, ки мақомоти Тоҷикистон ба лағви ҳукми эъдом алоқа зоҳир мекунанд. Аммо мо эҳсос мекунем, ки барои дастёбӣ ба ин амр лозим аст, ки дар ин росто ба онҳо фишор ворид шавад."

Баёнияи муштараки Федеросиюни Байнулмилалии Ҳуқуқи Башари Ҳелсинки ва Дафтари Ҳуқуқи Башар ва Ҳукумати Қонун дар Тоҷикистон бо фосилае тӯлонӣ пас аз баргузории нишасти "Тоҷикистон: аз таълиқи ҳукми эъдом то лағви он" мунташир шуда, ки моҳи июли гузашта дар шаҳри Душанбе доир шуд.
XS
SM
MD
LG