Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод: Ирон касеро таҳдид намекунад


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳурии Ирон мегӯяд, ҳич кас наметавонад монеъ аз ин шавад, ки Теҳрон ҳаққи худ барои дастёбӣ ба фанноварии ҳастаии сулҳомезро пайгирӣ кунад. Вай дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон гуфт, ки Ирон ҳич кишвареро таҳдид намекунад.


Оқои Аҳмадинажод афзуд, ки давлати Ирон моил аст дар бораи ҳамаи масоили мавҷуд бо ҷомеъаи байнулмилалӣ вориди гуфтугӯ шавад, аммо ба гуфтаи вай, ин гуфтугӯҳо бояд мубтанӣ бар ҳуқуқи машрӯъи Ирон бошад.


Маҳмуди Аҳмадинажод посухи Ирон ба бастаи пешниҳодҳои Ғарб дар баробари таълиқи ғанисозии урониюмро "як фурсати бисёр истисноӣ" барои ҳалли муноқиша унвон кард. Ирон мегӯяд, ки қасд надорад силоҳи ҳастаӣ бисозад, аммо кишварҳои ғарбӣ ба ин иддаъо эътимоди чандоне надоранд.


Ин дар ҳолест, ки то ду рӯзи дигар зарбулъаҷали Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои таълиқи ғанисозии урониюми Ирон ба сар хоҳад расид. Бино ба қатъномаи Шӯрои Амният, Ирон дар сурати сарпечӣ аз таълиқи фаъъолиятҳои ҳастаии худ бо эҳтимоли эъмоли таҳримҳо рӯбарӯ хоҳад шуд.


Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, ки ба назар намерасад Шӯрои Амният алайҳи Ирон дастбакор шавад, аммо афзуд, ки Ирон "таслими таҳдид ва итмоми ҳуҷҷат (ултимотум)" нахоҳад шуд.


Вай ҳамчунин бо як ишораи талвеҳӣ ба Исроил гуфт, ки Ирон хоҳони "рафъи решаи танишҳо" дар Ховари Миёна аст.
XS
SM
MD
LG