Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқи низомии Теҳрону Кобул


Ба гуфтаи як сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон, Теҳрон ва Кобул дар мавриди мушорикати Ирон дар заминаи иҷоди Артиши миллии Афғонистон ба тавофуқ расидаанд. Зоҳир Азимӣ дар гуфтугӯ бо родю Фардо гуфт, ки ин тасмим дар ҷараёни сафари ахири вазири дифоъи Афғонистон ба Ирон гирифта шудааст. Вай гуфт:


"Дар ин сафар як равзана боз шуда ва мо умедворем, ки ин равзана боз бимонад ва тавсеъа пайдо кунад. Дар ин сафар тавофуқ шуд, ки Ҷумҳурии Исломии Ирон барои таҷҳиз ва сохтани Урдуи Миллии Афғонистон кумак кунад."


Абдурраҳими Вардак, вазири дифоъи Афғонистон тайи рӯзҳои 25 то 28 август бо як сафари расмӣ дар Ирон ба сар бурд. Ин нахустин сафари вазири дифоъи Афғонистон ба Ирон аз замони суқути Толибон то кунун аст.
XS
SM
MD
LG