Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳматулло Зойиров мегӯяд, масмум шудааст


Раҳматулло Зойиров, раҳбари Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон шоеъоти мабнӣ бар масмумияташро таъйид кард. Оқои Зойиров, ки имрӯз дар як нишасти хабарӣ суҳбат мекард, ба хабарнигорон гуфт, дар Русия ва Суис (Швейтсария) ташхис шудааст ва ташхиси хун ва идрори ӯ нишон додааст, ки бемории ӯ авомили беруна доштааст. Ӯ гуфт, наметавонад собит кунад, ки чи гурӯҳ ё нафаре ӯро масмум кардаанд. Ва аммо дар ҳоли ҳозир оқои Зойиров сиҳҳати худро хуб арзёбӣ кард.


Гуфта мешавад, ки Раҳматулло Зойиров пас аз хунрезии мағзӣ ба муъолиҷаи худ пардохт. Аммо Юрий Остапенко, сарпизишки заҳршиноси Идораи беҳдошти шаҳрдории Маскав, дар гуфтугӯ бо бахши тоҷикии Озодӣ гуфт, ки иртиботеро миёни хунрезии мағзӣ ва масмумияти бадани оқои Зойиров намебинад:


"Хунрезии мағзӣ ба унвони як беморӣ худ ба худ буруз мекунад. Аз ин рӯ ниёзе нест, ки дар мавриди иллати бурузи он гумоназанӣ кунем. Албатта, ин маврид барои пизишконе, ки он хунрезии мағзиро ташхис додаанд, равшантар аст. Ва агар онҳо навъе заҳрро дар бадани ишон кашф кардаанд, бигзор унвони он заҳрро эълом кунанд. Барои ин ки таъйиди мавҷудияти заҳр дар бадан ба худии худ кофӣ нест, балки ҳар заҳр ё самме ному унвони худро дорад. Вале худи ман дар бораи анвоъи бахусуси заҳр ё самме, ки битавонад боъиси бурузи хунрезии мағзӣ шавад, иттилоъе надорам ва наметавонам чизе бигӯям."


Раҳматулло Зойиров ҳамчунин дар мавриди интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон изҳори назар кард ва гуфт, қонуни интихоботи Тоҷикистон бо Қонуни Асосии ин кишвар ва бо меъёрҳои байнулмилалӣ муғойират дорад. Оқои Зойиров бори дигар таъкид кард, ки Эмомалӣ Раҳмонов - раисиҷумҳурии кунунӣ ҳаққи пешбарии номзадии худ ба интихоботи ояндаро надорад. Ӯ афзуд, бояд ҳайъати кумисюни марказии интихобот низ таҷдид шавад, вагарна ӯ машрӯъияти интихоботи раёсати ҷумҳуриро зери суол хоҳад бурд.


Раҳматулло Зойиров дар мавриди номзад аз сотсиал-демократҳо гуфт, ҲСДТ рӯзи 17 сентябр ҳамоиши худро баргузор хоҳад кард ва дар он исми номзади ин ҳизб ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ эълом хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG