Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зойиров нишасти хабарӣ баргузор мекунад


Имрӯз, рӯзи сешанбеи 29 август Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон як конфронси хабарӣ баргузор мекунад, ки дар он раҳбари ҳизб Раҳматулло Зойиров дар бораи бемории худ ва табобаташ дар Швейтсария сӯҳбат хоҳад кард. Вай ҳамчунин дар бораи ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизб, ки се рӯзи пеш баргузор шуд ва анҷумани ҲСДТ, ки қарор аст, 17 сентябр баргузор шавад, иттилоъотеро ба хабарнигорон хоҳад дод.


Дар гуфтугӯе бо Радиои Озодӣ қабл аз анҷоми конфронси хабарӣ оқои Зоийров ҳамчунин гуфт, мулоҳизоти худ дар бораи қонуни интихобот, вазъи кумисюни марказии интихобот ва президенти Тоҷикистонро баён хоҳад кард. Раҳматулло Зойиров бо дархости хабарнигорон ҳамчунин назари худ дар мавриди охирин таҳаввулот дар Ҳизби демократи Тоҷикистонро низ ба баҳс хоҳад гузошт.


Муроқиби сомонаи Озодӣ бошед ва аз тозатарин ва муҳимтарин ахбори Тоҷикистон огоҳ бишавед.
XS
SM
MD
LG