Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Хотамӣ раводиди сафар медиҳад


Ба гуфтаи намояндаи Вазорати умури хориҷии Амрико, Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифтааст, ба президенти собиқи Эрон Сайид Муҳаммади Хотамӣ барои сафар ба Вашингтон раводид диҳад.


Қарор аст, Хотамӣ рӯзи 7-уми сентябр дар Калисои ҷомеъи Вашингтон дар мавзӯъи гуфтугӯи тамаддунҳо ва фарҳангҳо суханронӣ кунад. Хотамӣ аввалин намояндаи Эрон дар ин сатҳ хоҳад буд, ки пас аз шикасти робитаҳои Амрико ва Эрон аз соли 1979 ба ин сӯ ба Иёлоти Муттаҳида сафар мекунад. Хотамӣ рӯҳонии ислоҳотхоҳест, ки аз соли 1997 то соли 2005 президенти Ҷумҳурии исломии Эрон буд.


Сухангӯйи Вазорати умури хориҷии Амрико ҳамчунин гуфт, ҳеч гуна мулоқоти Хотамӣ бо мақомоти расмии Иёлоти Муттаҳида ба нақша гирифта нашудааст. Қарор аст, Хотамӣ инчунин дар конфаронси Созмони Милали Муттаҳид низ ширкат кунад. Сафари Хотамӣ ба Амрико дар ҳоле сурат мегирад, ки баҳсу ташаннуҷ пиромуни барномаи ҳастаии Эрон ба авҷи худ расидааст.
XS
SM
MD
LG