Пайвандҳои дастрасӣ

Оё сарнавишти Ҳизби Демократ дар ҳизбҳои дигар такрор хоҳад шуд?


Рузи якшанбе ҷиноҳи "Ватан"-и Ҳизби Демократи Тоҷикистон анҷумани худро баргузор кард ва эълон дошт, ки раёсати кунунии ин ҳизбро ба раҳбарии Муҳаммадрузӣ Искандаров эътироф намекунад. Вале чанд нафар аз мақомоти ҳизб вориди толори анҷуман шуданд ва онро ғайриқонунӣ эълон карданд. Аз ҷумла Ҷумъабой Ниёзов-сарпарасти ҳизб ба минбар рафт ва чунин изҳори ақида кард:


"Чун иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон ваколатдор ҳастам, ки... (Садоҳои эътирозӣ аз толор: "Шумо иҷозат надоред...") эҳтиромона ба диққати шумо расонам, ки ин ҷамъомад ба намуди анҷумани Ҳизби Демократи Тоҷикистон бар хилофи моддаҳои 6:6, 6:7 ва 6:8-и Оинномаи Тоҷикистон гузаронда шуда истодааст".

Бо вуҷуди ин, анҷумани мазкур Масъуд Собировро раиси худ интихоб кард. Вай баъд аз интихобаш чунин изҳори ақида кард:


"Чун аз тарафи вакилон нобоварӣ ба раҳбарони имрузаашон эълон гардид, барои ҳамин раиси ҳизб, ҷонишини аввал ва яке аз ду ҷонишинони муқаррарӣ интихоб шуд. Яке аз ҷонишинон низ муайян гардид".

Баъзе аз таҳлилгарон бар ин ақидаанд, ки ташкили ҷиноҳҳо дар Ҳизби Демократ кори дасти ниҳодҳои давлатист ва бо чунин кор онҳо мехоҳанд нируҳои мухолифро заъиф ё ба худ моил созанд. Дар гузашта Ҳизби Сусиёлист низ ба чунин сарнавишт дучор шуда буд. Таҳлилгар Абдуғаффор Камолӣ мегуяд, имкон дорад дар оянда сарнавишти Ҳизби Демократ ва Ҳизби Сусиёлист бар сари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон низ ояд. Ба гуфтаи вай, ташкили ҷиноҳҳо дар Ҳизби Демократ ва Сусиёлист барои мақомоти расмӣ як навъ тамрине буд барои гузоштани қадами баъдӣ ба суи Ҳизби Наҳзат, ҳизбе, ки акнун дар ҷомеъа баъд аз Ҳизби раиси ҷумҳур эътибор дорад. Оқои Камолӣ чунин мегуяд:


"Ҳамон сенарияе, ки дар мавриди Ҳизби Сотсиалист иҷро шуд ва дар мавриди Ҳизби Демократ пухта расид, баъид нест, ки дар мавриди Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳам ба кор бурда шавад, чунки Ҳизби Наҳзат ҳам бо аз даст додани оқои Нурӣ муҳимтарин омили муттаҳидкунандаи худро аз даст дод. Оқои Нурӣ шахсияте буд, ки на танҳо аъзои ҳизбро, балки хеле ҳаводорони ҳизбро, ки берун аз ҳизб аз қишрҳои мухталиф, чӣ руҳонӣ, чӣ рушанфикр, чӣ коргари оддиву махсусан кишоварзон, ки дар деҳот ҳастанд, онҳоро дар атрофи худ муттаҳид мекард".

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода-Раиси Дафтари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон низ дар оянда пиёда сохтани чунин тадбир бар зидди Ҳизби Наҳзати Исломиро истисно намедонад:


"Мо наметавонем, ки аз мадди назар дур бигзорем, ки чунин кор нисбат ба Ҳизби Наҳзати Исломӣ сурат нахоҳад гирифт. Чунин корҳо ҳастанд, вале тавре, ки он чанд моҳи пеш дар қиболи бародарони демократ кор оғоз шуда буд ва мо ҳам огоҳ будем ва борҳо ба онҳо машварат додем, ки ҳар корро пешгирӣ бояд кард. Қабл аз он, ки онҳо чорабиние доир кунанд, бояд, ки шумо чорабинии худро доир кунед".

Чун оқои Сайфуллоҳзода татбиқи чунин нақша бар зидди Ҳизби Наҳзати Исломиро истисно намедонад, аз вай пурсидам, агар иҷрои чунин нақшаро, он гуна, ки гуфта мешавад, мақомоти давлатӣ шуруъ кунанд, оё Ҳизби Наҳзат метавонад аз он наҷот ёбад?


"Чунин корҳо ба чунин услуб, агар тамрин ҳам бошад, алайҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон пиёда карданӣ бошанд, муваффақ нахоҳанд шуд. Вале ба ҳар ҳол, гуруҳҳо ва афроде дар берун аз ҳизб ҳастанд, гарчӣ ба мушоҳида намерасад, ки онҳо майли қудратхоҳӣ дошта бошанд. Аммо дар оянда ин метавонад, ки мавриди истифодаи доираҳои бозигари дигар қарор бигирад".

Аммо Сайфуллоҳ Сафаров-муовини раиси Пажуҳишгоҳи Стротегии Тоҷикистон бар ин ақида, ки дар паси ин ҷиноҳсозиҳо дар Ҳизби Демкрат ва Ҳизби Сусиёлист мақомоти расмӣ қарор доранд, розӣ нест ва мегуяд, дар ҳар ҳизби сиёсӣ гуногунандешӣ вуҷуд дорад ва набояд тафриқаҳои дохилии ҳизбиро кори дасти ҳукумат арзёбӣ кард:


"Ба назари ман чунин менамояд, ки ин сару садоҳо асосе надоранд. Вақте, ки дар бораи Ҳизби Сотсиалист мегуфтанд, дар он ҷо мардум як далеле доштанд, ки бо такя ба он мегуфтанд, ки чунин ҳодиса руй додааст ва тағироте ба вуҷуд омадааст. Вале дар бораи Ҳизби Демократ ва ҳизбҳои дигаре, ки дар ҷумҳурӣ ҳастанд, агар чунин ҳодисаҳо ба вуҷуд оянд, ба вуҷуд омаданашон ҳам аз нуқтаи назари инкишофи дохилӣ, қонунияти инкишофи дохилии ҳизбҳо асоснок аст. Яъне, ки ҳамаи ҳизбҳо дар як ҳолати муайян метавонанд ба ду шоха ва ё ба се шоха тақсим шаванд, дар дохили онҳо тибқи оинномаи онҳо фраксияҳои нав ба вуҷуд ояд. Ҳатто дар дохили Ҳизби Куммунист ду ҷараён ҳаст. Дар дохили Ҳизби Сотсиалист ҳам ду ҷараён ҳаст. Дар Сотсиал-Демократҳо ҳам ду ҷараён ҳаст, ки Ҳуриниссо Ғаффорзода аз он ҳизб баромад. Пас, чӣ ҷои баҳс дигар?"

Аммо оқои Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода-раиси дафтари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегуяд, дар ташкили ҷиноҳҳои дохили ҳизбӣ ниҳодҳои давлатӣ даст доранд:


"Ин ҷо ман ҳеҷ наметавонам, ки нируи ягона нируи ҳукуматиро ба инобат нагирам. Ҳар чизе, ки ҳаст танҳо дар чаҳорчубаи ниҳодҳо ва сохторҳои ҳукуматӣ сурат мегирад. Баъид ба назар мерасад, ки як нафаре ё як гуруҳе аз паҳлуи дигар ба вуҷуд биёяд ва чунин ихтилофро дар ҳар ҳизбе, ки бошад, амалӣ бисозад. Ман метавонам бигуям, ки бидуни ниҳодҳои ҳукуматӣ ва сохторҳои ҳукуматӣ дигар қудрате наметавонад бошад, агар кадом қудрати беруни ҷомеъа, беруни кишвар ҳам бошад, он ниру ҳам бидуни доираҳои ҳукуматӣ коре карда наметавонад".

Бо васфи ин, чунин ба назар мерасад, ки дар дохили Ҳизби Демократ тафриқаи ҷиддӣ роҳ ёфтааст ва ба наҳве ниҳодҳои расмӣ нисбат ба ҷиноҳи навтаъсиси Ватан хайрхоҳ ҳастанд. Ҳадаф аз чунин кор рушан аст. Муҳаммадрузӣ Искандаров-раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон, ба гуфтаи мақомоти додгоҳ, бо панҷ модда, яъне барои ғорати амволи давлатӣ, нигаҳ доштани силоҳ ва муҳофизони ғайриқонунӣ ва барои терроризм ва бандитизм ба 23 соли зиндон маҳкум шуд. Ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ сару садоҳо ба бор овард ва чунин сару садоҳо ба нафъи давлати Тоҷикистон набуд.
XS
SM
MD
LG