Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи таълимӣ тағйир кард


Ҳамчунин дар барномаи нави таълимӣ чанд тағйири дигар дар мавриди омӯзиши забонҳои хориҷӣ, яъне афзудан бар соатҳои дарсии инглисиву русӣ ва қатъи таълими ин забонҳо дар синфҳои ибтидоӣ ворид шуд.

Ҷалолиддин Амиров, корманди вазорати омӯзишу парвариш (маъориф)-и кишвар мегӯяд, ҳадафи аслӣ аз ин тағйирот созгор сохтани барномаи таълимии Тоҷикистон бо барномаи омӯзишии байнулмиллалист.

Тайи чанд соли ахир таваҷҷуҳ ба илмҳои дақиқ дар макотиби миёнаву олӣ нисбатан бештар шудааст. Ва бо тағйири нақшаи таълимӣ ҳамакнун синфҳои болоии макотиби миёна бар ивази дарси кор (меҳнат) ҳам, ки дар он писарон ҳирфаи устоӣ ва духтарон дӯхтану пӯхтанро меомӯхтанд, фанҳои дақиқро аз бар мекунанд.

Бархе омӯзгорону волидон тағйироти навро тарҷеҳ диҳанд, аммо гурӯҳе дигар мегӯянд, ки дарси кор барои донишомӯзон зарурӣ буд ва набояд он аз барнома канор мемонд.

Аз сӯи дигар, бархе аз омӯзгорон бар инанд, ки роҳандозии илмҳои дақиқ дар макотиб ба худии худ муҳим аст, аммо афзудан бар соъоти тадриси ин воҳидҳои нисбатан душворфаҳм метавонад боъиси хастагии донишомӯзон шавад.

Бино ба барномаи нави таълимӣ, дар синфҳои ибтидоӣ, ки тайи чанд соли ахир омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ роҳандозӣ шуда буд, ҳамакнун он дубора қатъ мешавад. Аз ин ба баъд танҳо аз синфи 3 ба боло метавонанд дарси инглисӣ биомӯзанд. Бино ба иттилоъи Вазорати маъориф, ин таҷрибаи хуб набудааст ва муҳассилони синфҳои поёнӣ имкони ба якборагӣ омӯхтани чанд забонро надоранд.

Вале Абдуразоқ Миров омӯзгори синфҳои ибтидоии як мактаби пойтахт бар он бовар аст, ки кӯдак ҳанӯз аз соли аввали таҳсил метавонад дар баробари забони худ забонҳои хориҷиро ҳам аз худ кунад.

Зимнан шуморе зиёде аз донишомӯзон дар гуфтугӯ бо Ояндасози Озодӣ гуфтанд, ки хостори афзоиши соъоти дарси роёна (комютер) ва забони инлисӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG