Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии бозпардохти қарзҳои Тоҷикистон ба СБП


Як ҳайъати Сандуқи Байнулмилалии Пул (СБП) ба раҳбарии Карлос Пенуера ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иқтисодии Тоҷикистон вориди Душанбе шуда ва масоили марбут ба бозпардохти қарзҳои ин кишвар ба ниҳодҳои молии байнулмилалиро баррасӣ мекунад.


Лолита Қурбонова, корманди намояндагии СБП дар Душанбе гуфт, ҳадафи аслӣ аз ин сафар кумак ба вазорати молияи Тоҷикистон барои таҳияи тарҳи буҷаи соли 2007 ва афзудани бидеҳӣ (қарз)-ҳои хориҷӣ дар буҷаи миёнмуддат будааст. Ба бовари хонум Қурбонова, дар ин росто аслан ба вомҳои давлати Чин ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.


Намояндагони СБП масълаи истифода аз маблағҳои озодшудаи ин созмон дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд, ки чанде қабл бахшида шудааст. Бахшидани қарзҳои Тоҷикистон назди созмони мазкур дар доираи ибтикори коҳиши бори бидеҳиҳои кишвар сурат гирифт.


Дар ҳамин ҳол Файзалӣ Сафаров, дастёри вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ҳайъати Сандуқи Байнулмилалии Пул пас аз баррасии тарҳи буҷаи соли 2007-и кишвар бархе аз нукоти ин тарҳро баррасӣ карда ва дар зимн пешниҳодҳои худро ироа хоҳад кард.


СБП ба Тоҷикистон 120 милюн дулор қарзи дарозмуддат додааст, ки чанде пеш ҳудуди 100 милюни он бахшида шуд. Ин маблағҳо ҷиҳати таҳкими мавқеъияти Бонки Миллии Тоҷикистон дар заминаи захоири байнулмилалӣ ва пуштибонӣ аз тавозуни пардохти он дар ихтиёри Бонки Миллии Тоҷикистон қарор гирифт. Ба гуфтаи Карлос Пенуреа, раҳбари ҳайъати намояндагии СБП ин маблағҳо ба буҷа ворид намешавад ва ин муассисаи молӣ бар раванди ҳазинаи он назорат намекунад, вале амалкарди Бонки Миллии Тоҷикистон зери назари СБП қарор дорад.

Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG