Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳҳои нави Барномаи Тавсеъаи СММ дар Суғд


Яъқубҷон Абдухолиқов - сарвари дафтари намояндагии БТ СММ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки барномаҳои мазкур ҷалби намояндаҳои табақаи бенаво ба соҳибкории хурд, кумак ба соҳибкорони кишоварзу чорвопарвар ва ҳамчунин рушди ҷамоатҳо аз роҳи ироаи кумакҳои молию фаннӣ ва ҷалби сармояи дохилӣ, ба хусус маблағҳои муҳоҷирони кории тоҷикро дар меҳвар қарор додааст.

Оқои Абдухолиқов афзуд :

«Мақсади ҳамаи барномаҳои мо мусоъидат ба коҳиши сатҳи фақр дар байни аҳолист. Маблағи ин се тарҳ ва як лоиҳае, ки ахиран ба анҷом расонидем, дар маҷмӯъ ҳудуди ҳаштсад ҳазор дулорро ташкил медиҳад. Барои иҷрои ду тарҳи нав дар навоҳии Исфараву Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Барномаи Тавсеъа панҷсад ҳазор дулор ихтисос дода шудааст. Иҷрои ин се тарҳи тозаи мо то охири соли 2007 идома хоҳад дошт.»

Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилоъи расмӣ, наздик ба 80 дарсади аҳолии Суғд зери хатти фақр ба сар мебаранд. Дастандаркорони се тарҳи нави БТ СММ дар вилояти Суғд мегӯянд, иҷрои тарҳҳо дар ҳамдастӣ бо ҳукумати вилоят ва маҳалҳо сурат мегирад.

Домуллоҷон Ҷабборов - муъовини раиси ҳукумати Суғд бо истиқбол аз ин барномаҳо гуфт, беҳтар аст онҳо дар ноҳияҳои дурдаст, ки мизони бенавоӣ баланд аст, пиёда шавад. Вай афзуд:

«Фақат мо ҳаминро аз созмонҳои байнулмилалӣ тақозо дорем, ки чунин кумакҳо мушаххас шавад. Зеро дар ҳоли ҳозир дар иҷрои бисёр тарҳҳои ин созмонҳо маблағҳои бузург барои роҳандозии барномаҳои машваратӣ, баргузории семинор ва давраҳои омӯзишӣ ҳазина мешавад. Мо хоҳони онем, ки чунин хароҷот кам шуда, дар навбати худ хароҷоти дигар, ба мисли додани қарзҳои хурд ба хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёд шавад. Зеро бо истифода аз чунин қарзҳои боимтиёз одамон тараққии хоҷагиҳои худро шитоб бахшида, фоида ба даст меоранд. Ин ба поин омадани сатҳи фақр дар миёни аҳолӣ мусоъидат мекунад.»

Дар ин маврид Яъқубҷон Абдухолиқов - сарвари дафтари намояндагии Барномаи Тавсеъаи Созмони Милал дар Суғд мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 85 то 90 дарсади маблағҳои барномаии ин созмон бевосита дар ростои иҷрои ҳадафи аслӣ ҳазина мешавад. Ба гуфтаи вай, хароҷоте, ки мутаносибан барои корҳои маъмуриву ташкилӣ ба харҷ меравад, даҳ то понздаҳ дар сад аз маблағи умумии барномаиро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG