Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Куфӣ Аннон аз Лубнон


Куфӣ Аннон, дабири кулли Созмони Милал, ки имрӯз вориди Бейрут, пойтахти Лубнон шуд, пас аз як дидор бо мақомоти Лубнон гуфт, мақомоти лубнонӣ ба ӯ итминон додаанд, ки қатъномаи СММ дар мавриди истиқрори сулҳ дар Ховари Миёнаро пиёда хоҳанд кард. Ин нахустин сафари дабири кулли СММ ба Лубнон пас аз поёни муноқишаи 34-рӯзаи миёни Ҳизбуллоҳ ва Исроил аст.


Дар дидоре, ки Куфӣ Аннон бо мақомоти Лубнон дошт, мавзӯъи истиқрор ва нақши посдорони сулҳи СММ дар ҷануби ин кишвар баррасӣ шуд. Қарор аст, теъдоди ниҳоии ин нирӯ 15000 тан бошад. Дар гуфтугӯҳои дабири кулли СММ бо мақомоти Лубнон масъалаи бардоштани муҳосираи ҳавоӣ ва дарёии Лубнон ва муроқибат аз марзи Лубнону Сурия барои ҷилавгирӣ аз қочоқи аслиҳа барои Ҳизбуллоҳ низ матраҳ будааст.


Хабаргузориҳо бо истинод ба мақомоти Сурия навиштаанд, ки қарор аст, дабири кулли СММ рӯзи панҷшанбе (31 август) вориди Димишқ шавад. Интизор меравад, ки Куфӣ Аннон тайи сафари 11-рӯзааш ба Ховари Миёна рӯзи шанбе (2 сентябр) дар Теҳрон низ таваққуфе дошта бошад. Ин дар ҳолест, ки бино ба зарбулъаҷали Шӯрои Амнияти СММ Ирон бояд пеш аз рӯзи 31 август ғанисозии урониюмро ба ҳолати таълиқ дароварад, вагарна бо эҳтимоли эъмоли таҳримҳо рӯбарӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG