Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати адлия ҲДТ-ро 'бо номи Искандаров мешиносад'


Давлат Сулаймонов - сардори идораи сабти номи аҳзоб ва созмонҳои иҷтимоъии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки дар ин вазорат демократҳоро таҳти раҳбарии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров мешиносанд. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар мавриди ихтилофоти дарунии ҲДТ гуфт, он як баҳси дохилиҳизбист ва Вазорати адлия ба ин баҳс мудохила нахоҳад кард.


Ин дар ҳолест, ки Масъуд Собиров, раиси ҷиноҳи «Ватан» дар Ҳизби Демократи Тоҷикистон бино бар таъйиди худаш бо ироаи аснод аз Вазорати адлия тақозои номнависии расмӣ кардааст. Оқои Собиров дар ҳамоишим ҷиноҳи худ, ки рӯзи якшанбе, 27 август, сурат гирифт бо итминон эълом кард, ки ҳақ ба ҷониби ӯст ва мақомот, аз ҷумла вазорати адлия ҳизбро бо номи ӯ хоҳанд шинохт.


Аммо садорати расмии Ҳизби Демократи Тоҷикистон рӯзи 28 август дар як нишаст баргузории ҳамоиши фавқулъодаи ин ҳизб аз сӯи ҷиноҳи «Ватан» ва интихоби Масъуд Собиров ба унвони раҳбари ҷадиди ин ҳизбро ғайриқонунӣ арзёбӣ кард.


Ҷумъабой Ниёзов - муъовини Ҳизби Демократи Тоҷикистон гуфт, бар асоси ойинномаи ҳизб, ки аз тарафи вазорати адлия ба расмият шинохта шудааст, раёсати марказии ҳизб, созмонҳои вилоятӣ ва гурӯҳҳои даруниҳизбӣ бо ҷамъоварии имзои 10% аз аъзои ҳизб ҳақ доранд ҳамоиш баргузор кунанд. Ба гуфтаи оқои Ниёзов, дар ҷараёни даъват ва баргузории ҳамоиши ҷиноҳи «Ватан» ҳеч як аз ин нукоти ойиннома муроъот нашудааст.


Бо ин ҳама, муноқишаи дарунҳизбӣ идома дорад. Зеро Масъуд Собиров дар кори ҳамоиши аъзои ҷиноҳи худ то охири моҳи оянда таътил эълом карда ва қарор аст ҳамоиши баъдии Ҳизби Демократ дар нимаи дуввуми моҳи сентябр баргузор шавад. Аммо ба гуфтаи бархе аз коршиносон, нуқтаи ниҳоӣ дар қазияи демократҳоро интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар хоҳад гузошт.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG