Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони Ҷоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон


Бахтиёр Саъдуллоев, теннисбози навҷавони тоҷик барандаи Ҷоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва як ҳазор дулор шуд.

Вай дар мусобиқаи байнулмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе бо ширкати 50 нафар теннисбози навраси кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, дар рақобатҳои инфиродӣ байни писарон бар ҳамшаҳрии худ Аҳмадҷони Муҳаммад пирӯзӣ ба даст овард. Воқеъан, Аҳмадҷони Муҳаммад дар мусобиқаи соли гузашта низ мақоми дуввумро касб карда буд. Ба ӯ 800 дулор дода шуд.

Санҷар Файзиев, нахустин барандаи Ҷоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дуввумин давраи ин мусобиқот дар мақоми севвум қарор гирифт, ба дарёфти 600 дулор сарфароз шуд. Дар рақобатҳои инфиродӣ миёни духтарон Алиса Огородова, теннисбози ҷавони Узбакистон ғолиб омад. Вай дар бозии ниҳоӣ бар ҳамдиёри худ Сабина Шарифова, ғолиби мусобиқаи соли гузашта дастболо шуд.

Барои ҷоизаи севвум Нигина Абдураҳимова, аз дастаи Узбакистон ва Азиза Азизова, аз тими Тоҷикистон рақобат карданд. Ин дидор бо пирӯзии варзишгари узбак ба поён расид. Азиза Азизова дар мақоми чаҳорум ва ҳамдастаи ӯ Сарвинози Муҳаммад дар мақоми панҷум қарор гирифтанд.

Дар рақобатҳои ҷуфти писарона теннисбозони Узбакистон Санҷар Файзиев ва Темур Исмоилов аъзои тими мизбонон - Бахтиёр Саъдуллоев ва Аҳмадҷони Муҳаммадро мағлуб сохта, ҳар кадом ба дарёфти Ҷоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва 800 дулор сарфароз шуданд. Теннисбозони ҷавони тоҷик барои мақоми дуввум ҳар кадом бо 600 дулор қадрдонӣ шуданд.

Боз як ҷуфти дигар аз тими Узбакистон - Михаил Есипов ва Темур Ҳабибуллин мақоми севвумро ишғол намуда, ҳар кадом соҳиби 400 дулор шуданд. Сабқати ҷуфтҳои занона низ бо пирӯзии теннисбозони Узбакистон Алиса Огородова ва Диёра Саидмуҳаммадова поён ёфт. Онҳо дар бозии ниҳоӣ бар теннисбозони навҷавони Қазоқистон Даря Бережная ва Сабина Кайранбоева ғолиб омаданд. Сабина Шарифова ва Нигина Абдураҳимова, ҳарду аз Узбакистон, мақоми севвумро касб карданд.
XS
SM
MD
LG