Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Валиев раёсати Собировро ба расмият намешиносад


Раҳбарии расмии Ҳизби Демократи Тоҷикистон имрӯз, 28 август, дар як нишасти хабарӣ мавзеъи раёсати ин ҳизб дар мавриди ҷаласаи дирӯзаи ҷиноҳи "Ватан"-ро эълом кард. Раҳматулло Валиев, муъовини Ҳизби Демократи Тоҷикистон гуфт, онҳо натоиҷи ҳамоиши рӯзи якшанбеи ҷиноҳи «Ватан»-ро қабул надоранд ва онро ғайриқонунӣ медонанд.


Ҷиноҳи «Ватан» дар Ҳизби Демократ рӯзи 27 август як ҷаласа доир кард ва эълом дошт, ки раёсати нави Ҳизби Демократро интихоб кардааст. Масъулини ин ҷиноҳ гуфтанд, ки ҳамоиш Масъуд Собировро раҳбари нави Ҳизби Демократ медонад.
XS
SM
MD
LG